Асоси сиёсат
Мо дарк менамоем, ки ҳассосияти одамон ба тасвирҳои графикӣ ва зӯроварӣ гуногун аст. Мо аксар муҳтавои графикиро барои муҳофизат кардани одамон аз чунин муҳтаво нест мекунем ва ба навъҳои дигари муҳтаво нишонаҳои ҳушдор илова менамоем, то одамон пеш аз пахш кардан огоҳ шаванд, ки он метавонад ҳассос бошад. Мо ба корбарони ҷавон имконияти дидани муҳтавоеро, ки метавонад ба синну соли онҳо мувофиқ набошад, маҳдуд мекунем. Ба ин тариқ, мо мехоҳем, ки таҷрибаи корбарии муносиб пешниҳод намоем ва ҳамзамон ба таъмини фазои озодии баён барои корбарони худ идома диҳем.
Мо эътироф менамоем, ки корбарон метавонанд муҳтаворо бо мақсади равшан кардан ё маҳкум намудани амалҳое, монанди риоя нашудани ҳуқуқи башар ё муноқишаи мусаллаҳона мубодила кунанд. Сиёсатҳои мо мубодилаи муҳтаво дар ин контекстро ба назар мегиранд ва мувофиқан барои муҳокима ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ фазо фароҳам мекунанд.
Мо барои рекламаҳои пулакӣ муҳофизатҳои иловагӣ пешниҳод мекунем. Масалан, муҳтавое, ки ҳассос шуморида шудааст, барои истифода дар рекламаҳо мувофиқ нест. Мо инчунин дар рекламаҳо дохил кардани тасвирҳо ва видеоҳои такондиҳанда, даҳшатангез ё тариқи дигар ҳаяҷонангезро манъ мекунем. Барои маълумоти бештар, лутфан, ба Стандартҳои рекламадиҳии мо муроҷиат намоед.
Инҳоро пост накунед:
Тасвири одамон
Видеоҳои одамони зинда ё мурда дар контескти ғайритиббӣ, ки мавридҳои зеринро тасвир мекунанд:
Ҷудо кардан ба узвҳо.
Андоми дохилии намоён, аз қабили узвҳо, устухонҳо ё бофтаи мушаки намудори шахсони зинда ё фавтида;
Одамон дар ҳоли сӯхтан ё одамони нимсӯхта;
Буридани гулӯ.
Пахшҳои мустақими иҷрои ҳукми қатл.
Изҳороти садистӣ
Изҳороти садистӣ эзоҳоте мебошанд, аз қабили зернависҳо ё шарҳҳо, ки шодӣ ё лаззат аз азият кашидан ё паст задани шаъни инсонҳо ё ҳайвонотро ифода мекунанд.
Мо инҳоро нест мекунем
Изҳороти садистӣ дар бобати тасвире (ҳам видеоҳо ва ҳам тасвирҳои беҳаракат), ки тариқи дигар ба он тибқи сиёсати мазкур экрани огоҳкунандае илова мешавад, ки одамонро дар бораи ҳассос будани муҳтаво огоҳ мекунад; ба ҷуз ҳолатҳое, ки тасвир амали худмудофиаро тасвир намояд (масалан, видеои касе, ки худро аз ғорати мусаллаҳона мудофиа мекунад) ё тасвир дар контексти тиббӣ бошад (масалан, тасвири мутахассисони тиббӣ, ки ҷарроҳӣ мекунанд).
Изҳороти садистии ошкор дар бобати азияти ҳайвонот, ки дар тасвир омадааст ва тасвире, ки ҳолати марги ҳайвоноти зиндаро тасвир мекунад.
Пешниҳод ё талаби тасвире, ки мувофиқи ин сиёсат нест карда шудааст ё экрани огоҳкунанда гирифтааст, вақте ки ба он изҳороти садистӣ илова шуда бошад.
Мо ба муҳтавои зерин экрани огоҳкунанда илова мекунем, то одамон огоҳ шаванд, ки муҳтаво метавонад ҳассос бошад. Инчунин мо имконияти тамошо кардани муҳтаворо танҳо ба калонсолони синни 18 сола ва болотар маҳдуд мекунем:
Тасвири одамон
Видеоҳои одамони зинда ё мурда дар контескти тиббӣ, ки дар онҳо мавридҳои зерин тасвир ёфтаанд:
Ҷудо кардан ба узвҳо.
Андоми дохилии намоён, аз қабили узвҳо, устухонҳо ё бофтаи мушаки намудори шахсони зинда ё фавтида;
Одамон дар ҳоли сӯхтан ё одамони нимсӯхта, аз ҷумла дар контексти крематсия; ё
Буридани гулӯ.
Тасвирҳои беҳаракати одамони зинда ё мурда, ки дар онҳо мавридҳои зерин тасвир ёфтаанд:
Ҷудо кардан ба узвҳо.
Андоми дохилии намоён, аз қабили узвҳо, устухонҳо ё бофтаи мушаки намудори шахсони зинда ё фавтида;
Одамон дар ҳоли сӯхтан ё одамони нимсӯхта;
Буридани гулӯ.
Тасвирҳое (ҳам видеоҳо ва ҳам тасвирҳои беҳаракат), ки марги хушунатомези одамон (аз ҷумла лаҳзаи марги онҳо ё оқибати он) ё шахсеро, ки рӯйдоди ба ҳаёт таҳдидкунандаро аз сар мегузаронад (аз қабили задани мошин, афтидан аз баландии зиёд ё аз сар гузаронидани ҷароҳати эҳтимолан марговари дигар) тасвир мекунанд.
Тасвири иҷрои ҳукми қатли шахс (ба истиснои пахшҳои мустақим).
Тасвири амалҳои бераҳмӣ (масалан, саҳнаҳои зӯроварӣ ё таҳдиди куштори субъектҳои маҷбуран нигоҳдошташаванда) ки нисбат ба шахс ё гурӯҳи одамон содир шудааст;
Тасвири ашёҳои бегонаи ғайритиббӣ (масалан, кордҳо, мехҳо ё ашёи филизии дигар) ки пӯсти шахсеро шикоф мекунанд;
Тасвири дандонҳои шикастаю хунрав, дандони кандашудаи шахсе, ки дар он хун ҳаст; ё дохил кардани ашёҳои бегона ба дандонҳо ё милкҳои дандон.
Тасвири ҷанинҳо ва тифлони мурда берун аз батни модар, ба ҷуз ҳолате ки дар тасвир шахси дигар ҳузур дошта бошад.
Тасвири ҳайвонот
Тасвири ҳайвоноти зинда ё мурдае, ки ба узвҳо ҷудо кардан, узвҳои дохилии намоён, дар ҳолати сӯзиш ё нимсӯхтагӣ будан ё зинда ҷӯшонидани онҳоро тасвир мекунад.
Тасвири ҷараёни марги ҳайвоноти зинда.
Тасвири одамоне, ки нисбат ба ҳайвоноти зинда золимона рафтор мекунанд (масалан, лагадкӯб кардан, ғарқ кардан ё кандани парҳо).
Мо намоиши муҳтавои зеринро танҳо ба корбарони 18-сола ва калонтар маҳдуд мекунем:
Тасвири одамон
Тасвири ҷасади одамони фавтида, ки қисман ё пурра пӯшонида нашудааст, ҳатто агар ҳеҷ гуна аломати марги хушунатомез набошад.
Тасвири ҷанинҳо ва тифлони мурда берун аз батни модар, дар ҳолате ки дар тасвир шахси дигар ҳузур дошта бошад.
Тасвирҳои сӯзанзанӣ ба бадани инсон берун аз контексти ваксинатсия, акупунктура ё сӯзанзании хушк, холкӯбӣ (тату) ё сӯрох кардан.
Тасвири одамони маҷруҳ дар контексти тиббӣ, вақте ки онҳо дард мекашанд ё нороҳат ҳастанд, ҷисмашон лат хӯрдааст ё дар рӯй ва/ё дастони онҳо найчаҳои тиббӣ мавҷуд аст.
Тасвирҳои ахлот ё моеъҳои бадани инсон (масалан, наҷосат, пешоб, қай, чирки гӯш, балғам ва оби бинӣ, моеъи дар натиҷаи фишурдани пӯст ҳосилшуда ё хун).
Тасвири воситаҳои нақлиёте, ки месӯзанд ё метарканд ё тасвири лаҳза ё оқибати бархӯрди воситаи нақлиёти суръаташ баланд бо ашёи дигар, ки дар он воситаи нақлиёт аз роҳи худ берун шудааст ва/ё ҷои нишасти ронанда ё мусофир дар воситаи нақлиёт шадидан осеб ёфтааст.
Тасвири ҳайвонот
Тасвири ҳайвоноти зинда ё мурда, ки хуни онҳо намудор аст.
Тасвири ҳайвонот дар контексти таваллуд (масалан, мавҷудияти хун ё узвҳои дохилии намоён).
Тасвири ҳайвоноти зинда ё мурда, ки дар он баромадани ҳашарот аз бадани онҳо мушоҳида мешавад (масалан, кирмакҳо ё кирмҳо).
Тасвири ранҷи ҳайвоноти маҷруҳ.
Тасвирҳои тахайюлӣ
Тасвири одамони тахайюлӣ дар контекстҳои зерин:
Ҷудо кардан ба узвҳо;
Узвҳои дохилии намоён, аз қабили узвҳо, устухонҳо ё бофтаи мушакҳои намудор;
Одамон дар ҳоли сӯхтан ё одамони нимсӯхта;
Буридани гулӯ; ё
Маргҳои хушунатомез ё рӯйдодҳое, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд.
Тасвирҳои одамони тахайюлӣ, ки дар онҳо сурат ба воқеият монанд аст (дар онҳо тасвир ба сурат ё видеои шахси воқеӣ монанд аст ё комилан онро ба хотир меорад), дар контекстҳои зерин:
Ашёҳои бегонаи ғайритиббӣ (масалан, кордҳо, мехҳо ё ашёи филизии дигар), ки пӯстро шикоф мекунанд;
Ахлот ё моеъҳои бадани инсон (масалан, наҷосат, пешоб, қай, чирки гӯш, балғам ва оби бинӣ, моеъи дар натиҷаи фишурдани пӯст ҳосилшуда), ба истиснои хун;
Тифлон ё ҷанинҳои мурдаи берун аз раҳм;
Тасвири ҳайвоноти тахайюлӣ, вале фотореалистӣ дар контекстҳои зерин:
Ҷудо кардан ба узвҳо;
Узвҳои дохилии намоён, аз қабили узвҳо, устухонҳо ё бофтаи мушакҳои намудор;
Ҳайвонот дар ҳоли сӯхтан ё ҳайвоноти нимсӯхта;
Ҷӯшонидани ҳайвоноти зинда;
Мавҷудияти хун;
Ҷараёни марги ҳайвоноти зинда;
Одамоне, ки нисбат ба ҳайвоноти зинда золимона рафтор мекунанд (масалан, лагадкӯб кардан, ғарқ кардан ё кандани парҳо);
Ранҷи ҳайвоноти маҷруҳ
Ҳайвоноте, ки ҳашарот аз бадани онҳо мебарояд (масалан, кирмакҳо ё кирмҳо).
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
Тасвир ё аудиои марги хушунатомези шахс, вақте ки фавти шахс тавассути сабти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шаҳодатномаи фавт, Гузориши шарики боэътимод ё гузориши воситаҳои ахбори омма тасдиқ шудааст ва узви оилаи шахси фавтида нест кардани онро дархост мекунад.
Видеоҳои одамони нимсӯхта ё дар ҳоли сӯхтан дар контексти худсӯзӣ ҳамчун амали эътироз.
Мо метавонем ба инҳо иҷозат диҳем:
Тасвири марги хушунатомез ё рӯйдоде, ки ба ҳаёти як шахс таҳдид мекунад, вақте ки тасвир тасодуфӣ аст