Спам

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Мо ба муҳтавое иҷозат намедиҳем, ки барои фиреб додан, гумроҳ кардан ё барангехтани изтироби корбарон бо мақсади ба таври сунъӣ афзоиш додани миқдори тамошои он пешбинӣ шудааст. Ин муҳтаво одамонро аз таомули аслӣ дар платформаҳои мо дур мекунад ва метавонад ба амният, устуворӣ ва қобили истифода будани хизматрасониҳои мо таҳдид кунад. Мо инчунин саъй менамоем, ки аз усулҳои сӯиистифода, ба монанди паҳнкунии пайвандҳои фиребгарона бо мақсади ҷалб кардани корбарони ноогоҳ тавассути функсияҳо ё рамзҳои гумроҳкунанда ё тақлид кардани домени боэътибор пешгирӣ кунем.
Спами онлайн соҳаи сердаромад аст. Сиёсатҳо ва механизми ошкоркунии мо бояд пайваста таҳаввул кунанд, то мувофиқи майлонҳо ва тактикаҳои нави спам бошанд. Ҳангоми чораандешӣ дар мубориза бо спам мо бояд тавозуни байни афзоиши масрафҳо барои тавлидкунандагон ва паҳнкунандагони он дар платформаҳои мо ва муҳофизати фаъолияти пурғайрату аслии ҷомеаи худро пайдо кунем.
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
  • Бо басомади хеле баланд ба таври дастӣ ё худкор пост кардан, мубодила намудан, таомул намудан бо муҳтаво ё эҷоди ҳисобҳо, гурӯҳҳо, Саҳифаҳо, рӯйдодҳо ё объектҳои дигар.
    • Мо метавонем дар мавриди ҳисобҳое маҳдудият ҷорӣ кунем, ки бо басомади пасттар амал мекунанд, вақте ки аломатҳои дигари Спам (масалан, пост кардани муҳтавои такроршаванда) ё сигналҳои дигари ғайриаслӣ будани ҳисоб мавҷуд бошанд.
  • Фурӯш, харид ё мубодилаи бомуваффақият ва ё кӯшиши фурӯхтан, харидан ё мубодила кардани объектҳои платформа, аз қабили ҳисобҳо, гурӯҳҳо, саҳифаҳо ва ғайра.
  • Фурӯш, харид ё мубодилаи бомуваффақият ва ё кӯшиши фурӯхтан, харидан ё мубодила кардани имтиёзҳои сомона, аз қабили нақши маъмур ё модератор ё иҷозати пост кардан дар фазоҳои мушаххас.
  • Фурӯш, харид ё мубодилаи бомуваффақият ва ё кӯшиши фурӯхтан, харидан ё мубодила кардани муҳтаво бар ивази чизи дорои арзиши пулӣ, ба истиснои Муҳтавои брендии возеҳан муайяншуда, тавре ки дар Сиёсати муҳтавои брендии мотавзеҳ ёфтааст.
  • Фурӯш, харид ё мубодилаи бомуваффақият ва ё кӯшиши фурӯхтан, харидан ё мубодила кардан бар ивази таомул, аз қабили қайдҳои "маъқул", мубодилаҳо, тамошоҳо, пайравиҳо, пахшҳо, истифодаи ҳэштегҳои мушаххас ва ғайра. Инҳоро дар бар мегирад:
    • Пешниҳоди инъоми (яъне ба дигарон пешниҳод кардани имконияти бурд) пули нақд ё ҳамсангҳои пули нақд бар ивази таомул. (масалан, “Ҳар касе, ки ба саҳифаи ман қайди "маъқул" мегузорад, ба рӯйхати бурди $500 дохил карда мешавад”)
    • Пешниҳоди фароҳам кардани ҳар чизи дорои арзиши пулӣ бар ивази таомул. (масалан, “Агар шумо ба саҳифаи ман қайди "маъқул" гузоред, ман ба шумо iPhone медиҳам!”)
  • Пеш аз имконияти дидан ва таомул кардан бо муҳтавои ваъдашуда аз корбарон талаб ё иддао кардани зарурати таомул бо ин муҳтаво (масалан, маъқул кардан, мубодила кардан).
  • Мубодила кардани URL-ҳо, доменҳо ё барномаҳои фиребгарона ё гумроҳкунанда, аз ҷумла:
    • Пардапӯшӣ: Пардапӯшӣ ҳама гуна кӯшиши давр зада гузаштани сиёсатҳо оид ба муҳтаво тавассути қасдан ба системаҳои якпорчагии мо пешниҳод намудани муҳтавои дигари берун аз платформа, аз қабили URL-ҳо ё барномаҳо, дар муқоиса бо муҳтавоест, ки ба корбарон нишон дода мешавад.
    • Пайвандҳои гумроҳкунанда: Муҳтавои пайванддоре, ки як навъи муҳтаворо ваъда медиҳад, аммо чизи ба таври назаррас мутафовитро таҳвил мекунад. Ин метавонад муҳтаво дар барнома ё нармафзори ваъдашударо дар бар гирад.
    • Амали бозфиристии фиребанда: Сомонаҳое, ки анҷоми амалеро барои намоиши муҳтавои саҳифаи мақсади дар назар дошташуда талаб мекунанд (масалан, captcha, тамошои реклама, ин ҷоро пахш кунед) ва номи домени URL баъди анҷом ёфтани амали дархостшуда тағйир меёбад ё бидуни ҳама гуна амали корбар ба таври худкор корбаронро ба домени ба таври назаррас мутавофит равона мекунад.
    • Дастрасӣ пас аз маъқул/мубодила кардан: Аз корбарон талаб кардани таомул (дар шакли гузоштани қайди "маъқул", мубодилаҳо пайравиҳо ё ҳама гуна таомули дигар аз ҷониби омма) бо мақсади дастрасӣ ёфтан ба муҳтавои мушаххас ва истисноӣ.
    • Функсияи фиребандаи платформа - Тақлиди хусусиятҳо ё функсияи хизматрасониҳои мо, аз қабили тақлиди ҷамъоварии маблағ, пурсишҳо дар макони овоздиҳӣ, тугмаҳои пахш ё тугмаи "Маъқул", ки дар ин ҳолат он функсия вуҷуд надорад ё ба таври пешбинишуда кор намекунад ва мақсад ба пайравии ягон пайванд водор кардани корбар аст.
    • Функсияи фиребандаи саҳифаи мақсад: Сомонаҳое, ки интерфейси корбари гумроҳкунанда доранд, ки боиси тавлиди трафики тасодуфӣ мешаванд (масалан, равзанаҳои пайдошаванда/рекламаҳо дар пасзамина, кликҷекинг ва ғайра). Ин тактикаҳоеро, ба монанди домгузорӣ дар бар мегирад, ки дар ин ҳолат ҳангоми кӯшиши тарк кардани саҳифаи мақсад равзанаҳои пайдошавандаи номарбут пайдо мешаванд.
    • Тақаллуби саҳифаи мақсад ё домен - Саҳифаи мақсад, URL, ё сомона ё домени берун аз платформа, ки бо истифодаи ном, домен ё муҳтавои дорои хатои имлоӣ, тарзи навишти нодуруст ё воситаҳои дигар ҳамчун хизматрасонӣ ё бренди муътабар вонамуд мешавад ва барои тақлид аз сомонаҳо, доменҳо ва брендҳои машҳур аз саҳифаи мақсади ба сомонаи дигари боэътимод монанд истифода мебарад.
    • Тарзҳои дигари истифодаи фиребандаи URL-ҳо ё пайвандҳо, ки ба таври назаррас ба мавридҳои боло шабоҳат доранд.
  • Бо вуҷуди гуфтаҳои боло, мо инҳоро манъ намекунем:
    • Ташвиқи мутақобил, ки дар натиҷаи пардохт ба тарафи сеюм ба амал наомадааст
    • Интиқол додани вазифаҳои маъмур ё модератори саҳифа ё гурӯҳ ба корбари дигар дар асоси шавқмандии ӯ ба саҳифа ё гурӯҳ, ба ҷои мубодилаи арзиш.
    • Пост ё мубодила кардани Муҳтавои брендии возеҳан муайяншуда.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Иттилоот
Гузориши охирин дар бораи татбиқи Стандартҳои ҷомеаро аз назар гузаронед
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба спам
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ