Талаби алоқаи ҷинсӣ аз калонсолон ва ибораҳои ошкори шаҳвонӣ

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Тавре ки дар Сиёсат оид ба истисмори ҷинсии калонсолон қайд шудааст, одамон хизматрасониҳои моро барои муҳокима ва ҷалб кардани таваҷҷуҳ ба зӯроварӣ ва истисмори ҷинсӣ истифода мебаранд. Мо аҳамияти ин муҳокимаро эътироф мекунем ва ба он иҷозат медиҳем. Мо инчунин ба муҳокимаи ҳимояи ҳуқуқҳои коргарони ҷинсӣ ва танзими кори ҷинсӣ иҷозат медиҳем. Бо вуҷуди ин, вақте ки муҳтаво ба алоқаҳои ҷинсӣ ё хизматрасониҳои тиҷоратии ҷинсӣ байни калонсолон мусоидат мекунад ё вақте ки муҳтавои порнографӣ ё шаҳвонӣ дархост ё пешниҳод карда мешавад, мо маҳдудият ҷорӣ мекунем. Мо ин корро бо мақсади пешгирии мусоидат ба муомилоте анҷом медиҳем, ки метавонанд бо хариду фурӯши ғайриқонунии инсон, амалҳои ҷинсии маҷбурӣ ё бидуни розигӣ иртибот дошта бошанд.
Мо инчунин корбурди забони ошкори ҷинсиро маҳдуд мекунем, ки метавонад боиси талаби алоқаи ҷинсӣ гардад, зеро баъзе бинандагон дар ҷомеаи ҷаҳонии мо шояд нисбат ба чунин муҳтаво ҳассос бошанд ва он метавонад монеи пайваст шудани одамон бо дӯстони худ ва ҷомеаи васеъ шавад.
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
Муҳтавое, ки хизматрасониҳои фоҳишагӣ ё усулҳои тамос бо онро пешниҳод ё дархост мекунад, ки ҳамчун пешниҳод кардани худ ё дархост намудани алоқаҳои ҷинсӣ бар ивази пул ё ҳама гуна чизи арзишнок муайян карда мешавад, тавассути:
  • Пешниҳод ё дархост кардани алоқаҳои ҷинсӣ (масалан, хизматрасонии эскорт, маҳси шаҳвонӣ/эротикӣ, суҳбатҳо/гуфтугӯҳои шаҳвонӣ, хизматрасонии фетиш/доминатсия)
  • Истифодаи таъбирҳои хоси фоҳишагӣ якҷоя бо дархост ё пешниҳоди дастрас будан, нарх ё ягон аломати муомилот бо пул ё чизи арзишдор, макон ё маълумоти тамос
  • Иштирок дар талаби алоқаи ҷинсӣ якҷоя бо нарх ё ягон аломати муомилот бо пул ё чизи арзишдор
  • Тасвир ё зикри шарикон ё алоқаҳои ҷинсӣ бо нарх ё ягон аломати муомилот бо пул ё чизи моддӣ.
  • Ҷалб намудан ё пешниҳоди одамони дигар барои кор ба тарафҳои сеюм дар соҳаи хизматрасонии алоқаи ҷинсии тиҷоратӣ дар Сиёсат оид ба истисмори инсон алоҳида баррасӣ мешавад.
Муҳтавое, ки дар он талаби алоқаи ҷинсӣ тавассути пешниҳод, дархост ё таъмин кардани усулҳои алоқаи ҷинсӣ мавҷуд аст, аз ҷумла:
  • Барангезиш ё алоқаи ҷинсӣ
  • Алоқаи ҷинсӣ бо даҳон
  • Фетиши шаҳвонӣ
  • Чатҳо ё суҳбатҳо дар бораи алоқаи ҷинсӣ
  • Масҳҳои шаҳвонӣ ё эротикӣ
  • Рақси эротикӣ ё либоскашӣ
  • Мубодилаи тасвирҳои бараҳнагӣ (монанди бараҳнагӣ, видеоҳои ҷинсӣ)
Муҳтавое, ки дар он усулҳои тамос барои ба даст овардани маводи порнографӣ дархост ё пешниҳод мешавад ё номҳои корбар ё пайвандҳо ба сомонаҳои порнографиро дар бар мегирад.
Баёни ошкори шаҳвонӣ, ки дар он тафсилоти ошкор ё графикӣ дар бораи ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:
  • Узвҳои таносул,
  • Ҳолатҳои барангезиши шаҳвонӣ (масалан, тарӣ ё нуъуз)
  • Алоқаҳои ҷинсӣ
  • Мавридҳои боло муҳтавоеро дар бар намегиранд, ки дар контексти шӯхӣ, ҳазл ё дашноми шаҳвонӣ мубодила шудааст
Мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки тариқи дигар дар ин сиёсат фаро гирифта шудаанд, вақте ки он дар контексти маҳкумкунӣ, таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ё гузоришҳои хабарӣ пост мешавад. Мо инчунин муҳокимаи фаъолияти ҷинсиро дар доираи ин сиёсат манъ намекунем. Ҳарчанд ин гуна муҳтаво метавонад тибқи Сиёсати саломатӣ ва тарзи солими ҳаёт ва барои мусоидат ба пешниҳоди таҷрибаҳои мувофиқ ба синну соли ноболиғон танҳо ба калонсолони аз 18-сола боло маҳдуд карда шавад.
Мо имконияти дидани муҳтавои зеринро танҳо ба калонсолони 18-сола ва калонтар маҳдуд мекунем:
  • Муҳтавое, ки дар он фаъолиятҳо ё таҷрибаҳои ҷинсӣ муҳокима мешаванд
  • Муҳтавое, ки номҳои корбар, логотипҳо ё пайвандҳо ба Сомонаҳо бо обуна барои калонсолонро дар бар мегирад
  • Баёни ошкори шаҳвонӣ дар контексти ҳаҷвӣ ё мазҳакавӣ, аз ҷумла истиораҳои шаҳвонӣ
  • Баёни талқинкунандаи шаҳвонӣ, ки ба алоқаҳои ҷинсӣ истинод мекунад
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин мо маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
  • Дар мавридҳои муайян мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки дар ҳолатҳои дигар метавонад ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат кунад, агар муқаррар карда шавад, ки ин муҳтаво ҳазломез аст. Ба муҳтаво танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки унсурҳои вайронкунандаи он ба услуби ҳазломез ифода ёфта бошанд ё ба ягон чиз ё ягон каси дигар бо мақсади масхара ё танқиди ӯ рабт дода шаванд.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба талаби алоқаи ҷинсӣ аз калонсолон ва ибораҳои ошкори шаҳвонӣ
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ