Маълумоти нодуруст
Тафсилоти сиёсат
САБТИ ТАҒЙИРОТ
Имрӯз
08 Апр 2025
14 Март 2025
08 Янв 2025
19 Июл 2024
10 Июл 2024
11 июн 2024
21 Май 2024
07 Фев 2024
06 дек 2023
30 Сен 2023
15 Июл 2023
Асоси сиёсат
Маълумоти нодуруст аз навъҳои дигари изҳорот, ки дар Стандартҳои ҷомеаи мо баррасӣ шудаанд, фарқ мекунад, зеро ҳеҷ гуна роҳи тартиб додани рӯйхати фарогири мавридҳои мамнуъ вуҷуд надорад. Масалан, сиёсатҳои мо дар мавриди зӯроварии графикӣ ё рафтори нафратомез муҳтавоеро, ки мо манъ мекунем, мушаххас менамоянд ва ҳатто шахсоне, ки бо он сиёсатҳо розӣ нестанд, метавонанд онҳоро риоя кунанд. Аммо дар мавриди маълумоти нодуруст мо наметавонем чунин ҳадро таъин кунем. Ҷаҳон пайваста тағйир меёбад ва чизе, ки дар ин лаҳза ҳақиқат аст, метавонад пас аз лаҳзае ҳақиқат набошад. Инчунин одамон дар бораи ҷаҳони атрофи худ сатҳи гуногуни огоҳӣ доранд ва метавонанд чизеро ҳақиқат пиндоранд, дар ҳоле ки ин тавр нест. Сиёсате, ки танҳо “маълумоти нодурустро” манъ мекунад, ба корбарони хизматрасониҳои мо огоҳии муфид фароҳам нахоҳад кард ва қобили риоя нахоҳад буд, зеро мо ба маълумот дастрасии комил надорем.
Ба ҷои ин, дар сиёсатҳои мо категорияҳои гуногуни маълумоти нодуруст зикр мешаванд ва мо саъй мекунем, ки ҳангоми мушоҳида шудани чунин изҳорот, дар бораи муносибати мо нисбат ба онҳо дастурҳои возеҳ фароҳам намоем. Равиши муносибати мо дар робита бо ҳар категория кӯшиши моро баҳри мувозин кардани арзишҳои мо оид ба озодии баёни афкор, бехатарӣ, шаъну эътибор, асолат ва махфият инъикос менамояд.
Мо маълумоти нодурустро дар ҳолатҳое нест мекунем, ки эҳтимолан ба хавфи зарари ҷисмонии ногузир бевосита мусоидат мекунад. Мо инчунин муҳтавоеро нест мекунем, ки эҳтимолан ба мудохила ба ҷараёни равандҳои сиёсӣ бевосита мусоидат менамояд. Ҳангоми муайян кардани чизҳое, ки дар ин категорияҳо маълумоти нодуруст ба шумор мераванд, мо бо он коршиносони мустақил ҳамкорӣ мекунем, ки соҳиби донишу таҷрибаи арзёбӣ кардани ҳаққонияти муҳтаво ва эҳтимоли мусоидати бевоситаи он ба хавфи зарари ҷисмонии ногузир мебошанд. Масалан, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ки дар сарзамини ягон кишвар ҳузур доранд, бо мақсади муайян намудани ҳаққонияти овоза дар бораи муноқишаи шаҳрвандӣ аз зумраи ин ҳамкориҳост.
Дар мавриди ҳама маълумоти нодурусти дигар мо таваҷҷуҳи худро ба коҳиш додани паҳншавии он ё ба вуҷуд овардани муҳите равона менамоем, ки ба муколамаи пурмаҳсул мусоидат менамояд. Мо медонем, ки одамон аксар вақт маълумоти нодурустро ба тарзи безарар, масалан, барои муболиға кардан оид ба ягон масъала (“Ин даста дар таърихи варзиш собиқаи бадтарин дорад!”) ё ҳазлу шӯхӣ (“Шавҳари ман ҳоло унвони Шавҳари солро гирифт.”) истифода мебаранд. Онҳо инчунин метавонанд таҷрибаи худро тавассути ҳикояҳое мубодила кунанд, ки носаҳеҳиҳо доранд. Дар баъзе ҳолатҳо одамон ақидаҳои шахсии шахшудаи худро мубодила мекунанд, ки ба фикри онҳо ҳаққонӣ аст, аммо дигарон онҳоро нокомил ё гумроҳкунанда мешуморанд.
Бо назардошти ин ки чунин изҳорот то чӣ андоза роиҷ аст, мо дар ҳолатҳои ҷой доштани муҳтавое, ки эҳтимолан гумроҳ ё сардаргум мекунад, ба пешниҳоди маълумоти муфид ба корбарон тамаркуз мекунем. Мо дар доираи ин талошҳо берун аз ҳудуди Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои зиёди ҷаҳон бо ташкилотҳои тарафи сеюм оид ба далелсанҷӣ ҳамкорӣ мекунем, то саҳеҳу дақиқ будани муҳтавои беш аз ҳама зудпаҳншавандаро дар платформаҳои худ бозбинӣ ва арзёбӣ намоем (барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи равиши муносибати мо дар Иёлоти Муттаҳида ба ин ҷо ва ин ҷо нигаред). Барномаи "Қайдҳои ҷомеа", ки дар Иёлоти Муттаҳида роҳандозӣ мешавад, ба одамон имкон медиҳад, то ба постҳои Facebook, Instagram ва Threads, ки эҳтимолан гумроҳ ё сардаргум мекунанд, контексти бештар илова кунанд (ба ин ҷо нигаред). Мо бо мақсади афзоиши саводи расонаӣ ва рақамӣ манбаъҳо пешниҳод мекунем, то худи одамон тавонанд дар бобати муҳтавое, ки онро мехонанд, ба он эътимод мекунанд ва мубодила менамоянд, тасмим бигиранд. Мо аз одамон талаб мекунем, ки ҳангоми пост кардани муҳтавои органикӣ бо видеои фотореалистӣ ё аудиои ҳақиқӣ, ки ба таври рақамӣ эҷод ё тағйир дода шудааст, бо ёрии абзори мо оид ба ифшои истифода шудани ЗС моро огоҳ кунанд. Дар сурати иҷро накардани ин талабот мо метавонем ҷаримаҳо таъин кунем. Мо инчунин метавонем ба муҳтавое, ки ба таври рақамӣ эҷод шудааст ё тағйир дода шудааст ва хавфи махсусан баланди гумроҳ кардани одамонро оид ба масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад, барчасп илова кунем.
Дар ниҳоят, мо муҳтаво ва рафтор дар соҳаҳои дигарро манъ мекунем, ки аксар вақт бо паҳншавии маълумоти нодуруст рабт дорад. Масалан, Стандартҳои ҷомеаи мо ҳисобҳои тақаллубӣ, қаллобӣ ва рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшударо манъ мекунанд.
Ҳамзамон бо тағйир ва таҳаввул ёфтани Интернет ва ҷаҳони воқеӣ мо ба такмили сиёсатҳои мазкур идома медиҳем. Нисбат ба муҳтавои ҳисобҳое, ки маълумоти нодурусти дар зер номбаршударо батакрор мубодила мекунанд, тибқи сиёсати мазкур чора андешида мешавад. Илова бар ин паҳншавии ин ҳисобҳо метавонад коҳиш ёбад, қобилияти реклама додани онҳо метавонад маҳдуд шавад ё метавонанд аз платформаҳои мо хориҷ карда шаванд. Маълумоти муфассал дар бораи паёмадҳои нест карда шудани муҳтаво аз ҷониби Meta-ро метавон дар ин ҷо пайдо кард.
Дастурҳо
Маълумоти нодурусте, ки мо нест мекунем:
Мо навъҳои зерини маълумоти нодурустро нест мекунем:
I. Зарари ҷисмонӣ ё зӯроварӣ
Мо маълумоти нодуруст ё овозаҳои беасосро, ки ба ақидаи коршиносони шарик эҳтимоли мусоидати бевосита ба хавфи зӯроварӣ ё зарари ҷисмонии ногузирро доранд, нест мекунем. Мо маълумоти нодурустро ҳамчун муҳтавои дорои даъвое муайян менамоем, ки бардурӯғ будани он аз тарафи сеюми муътабар муайян шудааст. Мо овозаи беасосро ҳамчун даъвое муайян мекунем, ки ба ақидаи коршиносони шарик пайгирӣ кардани манбаи он душвор ё ғайриимкон аст, он манбаъҳои муътамад надорад, барои рад кардани он даъво мушаххассоти кофӣ мавҷуд нест ё ин ки даъво аз ҳад зиёд қобили эътимод нест ё аз ҳад зиёд ғайримантиқӣ аст, ки боваркарданӣ нест.
Мо огоҳ ҳастем, ки баъзан маълумоти нодурусте, ки безарар ба назар мерасад, метавонад дар шароити мушаххас ба хавфи зараррасонӣ дар дунёи воқеӣ, аз ҷумла ба таҳдидҳои зӯроварӣ мусоидат кунад, ки он дар навбати худ метавонад ба хавфи баланди марг, ҷароҳати ҷиддӣ ё зарари ҷисмонии дигар мусоидат намояд. Мо бо шабакаи ҷаҳонии ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ташкилотҳои башардӯстона ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ҳаёти фаъоли маҳаллӣ соҳиби донишу таҷриба ҳастанд, ҳамкорӣ мекунем.
Дар кишварҳое, ки хавфи баланди зӯроварии ҷамъиятӣ мавҷуд аст, мо ба таври фаъолона бо шарикони маҳаллӣ барои фаҳмидани он иддаоҳои бардурӯғе, ки ба хавфи зарари ҷисмонии ногузир бевосита мусоидат мекунанд, ҳамкорӣ менамоем. Сипас мо дар платформаи худ муҳтавоеро, ки он иддаоҳоро дар бар мегирад, муайян ва нест мекунем. Масалан, мо бо машварати коршиносони маҳаллӣ метавонем медиаи берун аз контекстро, ки бардурӯғ иддаои тасвир кардани амалҳои зӯроварӣ, ҷабрдидагон ё содиркунандагони зӯроварӣ, аслиҳа ё таҷҳизоти низомиро мекунад, нест кунем.
II. Маълумоти нодурусти ба саломатӣ зараровар
Мо бо ташкилотҳои тандурустии пешбар барои муайян намудани маълумоти нодуруст дар бораи саломатӣ, ки эҳтимолан, ба зараррасонии ногузир ба тандурустӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ бевосита мусоидат менамояд, машварат мекунем. Маълумоти нодурусти ба саломатӣ зарароваре, ки мо нест мекунем, инҳоро дар бар мегирад:
- Маълумоти нодуруст дар бораи ваксинаҳо. Мо маълумоти нодуруст дар бораи ваксинаҳоро асосан вақте нест мекунем, ки ба ақидаи мақомоти тандурустии ҷамъиятӣ он маълумот бардурӯғ аст ва эҳтимолан, ба дасткашии ногузир аз ваксина бевосита мусоидат мекунад. Он аз даъвоҳои зерин иборат мебошад:
- Ваксинаҳо боиси аутизм мешаванд (Масалан: “Афзоиши миқёси ваксинатсия дар ин рӯзҳо боиси ба аутизм гирифтор шудани шумораи зиёди кӯдакон гаштааст”.)
- Ваксинаҳо боиси оризаи марги ногаҳонии тифлон мешаванд (Масалан: “Оё шумо медонед, ки ваксинаҳо боиси ОМНК мешаванд?”)
- Ваксинаҳо бемориеро ба вуҷуд меоранд, ки барои муҳофизат аз он пешбинӣ шудаанд ё боиси он мегарданд, ки шахси ваксинатсияшаванда бо эҳтимоли бештар ба беморӣ гирифтор мешавад (Масалан: “Гирифтани ваксина дарвоқеъ эҳтимоли ба беморӣ гирифтор шудани шуморо бештар мекунад, зеро дар таркиби он штамми вирус ҳаст. Эҳтиёт шавед!”)
- Ваксинаҳо ё моддаҳои таркибии онҳо марговар, заҳролудкунанда, заҳрнок, зиёновар ё хатарнок мебошанд (Масалан: “Албатта, агар аз заҳролуд кардани организми худ парвое надошта бошед, метавонед ваксина гиред.”)
- Масунияти табиӣ назар ба масунияти тавассути ваксина ҳосилшуда бехатар аст. (Масалан: “Ба беморӣ гирифтор шудан назар ба ваксина гирифтан бештар бехатар аст.”)
- Дар муддати кутоҳи вақт гирифтани якчанд ваксина хатарнок аст, ҳатто агар ин муддат аз ҷиҳати тиббӣ тавсия шуда бошад (Масалан: “Ҳеҷ гоҳ дар як вақт бештар аз як ваксина нагиред, ки хатарнок аст - Ба ман фарқе надорад, ки табиби шумо чӣ мегӯяд!”)
- Ваксинаҳо дар пешгирӣ кардани беморие, ки барои муҳофизат аз он пешбинӣ шудаанд, самаранок нестанд. Ҳарчанд дар мавриди ваксинаҳои COVID-19, зуком ва табларза мо даъвоҳо оид ба онро, ки ин ваксинаҳо дар пешгирӣ кардани сирояти шахс бо ин вирусҳо самаранок нестанд, нест намекунем. (Масалан: Ба ин муҳтаво иҷозат нест: “Ваксинаи полиомиелит дар пешгирӣ кардани гирифторшавӣ ба ин беморӣ ҳеҷ кумак намекунад.” Ба ин муҳтаво иҷозат нест: “Ваксинаҳо аслан дар пешгирӣ кардани гирифторшавии шумо ба бемориҳо кумак намекунанд”; Ба ин муҳтаво иҷозат ҳаст: “Ваксина ба COVID-19 гирифтор шудани шуморо пешгирӣ намекунад, бинобар ин ҳангоми дар назди дигарон будан бояд ҳоло ҳам фосилаи иҷтимоиро риоя кунед ва ниқоб пӯшед.”)
- Гирифтор шудан ба бемории сурхча наметавонад боиси марг шавад (маълумот ва/ё контексти иловагиро талаб мекунад) (Масалан: “Дар бобати гирифторшавӣ ба бемории сурхча парво накунед, он марговар нест.”)
- Таъсири витамини C ба мисли ваксинаҳо дар пешгирӣ кардани бемориҳое, ки барояшон ваксина вуҷуд дорад, як аст.
- Маълумоти нодуруст дар бораи саломатӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ. Мо ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода дар тандурустии ҷамъиятӣ маълумоти нодурустеро нест мекунем, ки дар асоси хулосаи мақомоти тандурустии давлатӣ маълумоти бардурӯғ аст ва метавонад бевосита ба хавфи зарари ҷисмонии ногузир, аз ҷумла ба хавфи гирифторшавӣ ба бемории зиёновар ё боиси паҳншавии он гаштани шахсони алоҳида ё аз ваксинаи марбут даст кашидани онҳо мусоидат кунад. Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ҳолатҳои фавқулодаи тандурустии ҷамъиятиро муайян менамоем.
- Тарғиб ё ҷонибдории табобатҳои муъҷизавии зиёновар барои ҳалли мушкилоти саломатӣ. Ин муолиҷаҳоеро дар бар мегирад, ки давои тавсияшуда, дар контексти саломатӣ, эҳтимолан бевосита ба хавфи ҷароҳати вазнин ё марг мусоидат мекунад ва ин муолиҷа дар соҳаи тандурустӣ ҳеҷ гуна истифодаи қонунӣ надорад (масалан: моддаи сафедкунанда, маводи дезинфексионӣ, малҳами сиёҳ, содаи каустикӣ).
III. Дахолат ба овоздиҳӣ ё барӯйхатгирии аҳолӣ
Бо мақсади таъмин намудани якпорчагии интихобот ва барӯйхатгирии аҳолӣ, мо маълумоти нодурустеро, ки эҳтимолан бевосита ба хатари дахолат ба имконияти иштироки одамон дар ин равандҳо мусоидат менамояд, нест мекунем. Он мавридҳои зеринро дар бар мегирад:
- Маълумоти нодуруст дар бораи сана, макон, вақт ва усулҳои овоздиҳӣ, бақайдгирии интихобкунандагон ё иштирок дар бараӯйхатгирии аҳолӣ.
- Маълумоти нодуруст дар бораи онҳое, ки овоз дода метавонанд, талаботҳои овоздиҳӣ, яъне ҳисоб шудан ё нашудани овоз ва барои овоздиҳӣ кадом маълумот ва мавод бояд фароҳам карда шавад.
- Маълумоти нодуруст дар бораи иштироки номзад дар интихобот.
- Маълумоти нодуруст дар бораи талаботҳо ва маълумот ё маводе, ки бояд барои иштирок дар барӯйхатгирии аҳолӣ фароҳам карда шавад.
- Маълумоти нодуруст дар бораи иштироки давлат дар барӯйхатгирии аҳолӣ, аз ҷумла, дар ҳолатҳои мувофиқ, дар бораи он, ки маълумоти барӯйхатгирии аҳолии шахс бо агентии давлатии дигар (ғайр аз барӯйхатгирии аҳолӣ) мубодила хоҳад шуд.
- Иддаоҳои бардурӯғ ё санҷиданашуда дар бораи ҳузур доштани Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) дар ҷойи интихобот.
- Иддаоҳои яқинан бардурӯғ дар бораи он, ки агар одамон дар интихобот иштирок кунанд, бемории COVID-19 (ё бемории гузарандаи дигар) ба онҳо сироят мекунад.
- Иддаоҳои бардурӯғ дар бораи шароити кунунӣ дар маҳали интихобот дар ИМА, ки овоздиҳиро имконнопазир мекунад, тавре ки аз ҷониби мақоми интихоботӣ тасдиқ шудааст.
Мо сиёсатҳои иловагие дорем, ки дар онҳо масъалаҳои даъват ба зӯроварӣ, тарғиби иштироки ғайриқонунӣ ва даъват ба дахолати муташаккилона ба интихобот фаро гирифта мешаванд. Онҳо дар қисмҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо оварда шудаанд.
Мо ба муҳтавои зерин барчаспи маълумотдор илова мекунем:
Файлҳои расонаии таҳриршуда
Файлҳои расонаӣ метавонанд бо тарзҳои гуногун таҳрир карда шаванд. Дар аксар мавридҳо ин тағйирот, монанди буридан ё кӯтоҳ кардани муҳтаво бо мақсадҳои бадеӣ ё илова кардани мусиқӣ, безарар ҳастанд. Дар ҳолатҳои дигар дигаргунсозӣ ошкор нест ва метавонад гумроҳкунанда бошад.
- Муҳтавое, ки ба тарзи рақамӣ эҷод шудааст ё тағйир дода шудааст ва метавонад гумроҳ кунад. Дар бобати муҳтавое, ки Стандартҳои ҷомеаро тариқи дигар вайрон намекунад, мо метавонем дар рӯи муҳтаво барчаспҳои маълумотдор илова кунем – ё муҳтавои ҳамчун реклама пешниҳодшударо рад кунем – агар муҳтаво тасвир ё видеои фотореалистӣ ё аудиои ба воқеӣ монанд бошад, ки бо тарзи рақамӣ эҷод шудааст ё тағйир дода шудааст ва хатари махсусан баланди фиреби назарраси оммаи васеъ оид ба масъалаи муҳими ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба маълумоти нодуруст
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ