Рафтори ғайриаслӣ
Тафсилоти сиёсат
САБТИ ТАҒЙИРОТ
Имрӯз
Асоси сиёсат
Рафтори ғайриаслӣ шаклҳои мураккаби гуногуни фиребгариро дар бар мегирад, ки аз ҷониби шабакаи объектҳои ғайриаслии таҳти назорати ҳамон як шахс ё шахсон қарордошта бо мақсади фиреб кардани Meta ё ҷомеаи мо ва ё давр зада гузаштани Стандартҳои ҷомеаи мо анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки омилони таҳдиди душманона аз шахсияти тақаллубӣ барои даст задан ба шаклҳои печидаи Рафтори ғайриаслӣ истифода мебаранд, мо ин рафторро ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда (РҒҲ) муайян менамоем.
Ин стандартҳо ва чораҳои татбиқ новобаста ба муҳтаво ё идеология татбиқ мешаванд ва барои эҷоди фазое тарҳрезӣ шудаанд, ки одамон дар он метавонанд ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, эътимод дошта бошанд.
Вақте ки мо ин шабакаҳоро муайян менамоем, мо ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳои қалбакӣ ё объектҳои Meta-ро, ки мустақиман дар амалиёт иштирок доранд, нест мекунем. Дар ҳолатҳое, ки ин одамон инчунин Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ё ҷомеаҳоеро эҷод, идора ва ба ҳамкорӣ моил мекунанд, мавриди ҳадаф қарор медиҳанд ё назорат мекунанд, ки ниҳодҳои аслиро намояндагӣ мекунанд ва дар рафтори ғайриаслӣ иштирок накардаанд, мо метавонем барои хориҷ кардани ашхосе, ки қоидаҳоро вайрон кардаанд, чораҳо андешем, аммо ба одамон ва ҷомеаҳои иштирокнакарда иҷозат медиҳем, ки дар хизматрасониҳои мо боқӣ монанд.
Мо дар ҳар ҳолати имконпазир хулосаҳои худро оид ба шабакаҳои РҒҲ дар Гузоришҳо дар бораи таҳдиди душманона мубодила мекунем, ки онҳоро метавон дар ин ҷо пайдо кард. Гузоришҳои мазкур маънии фаро гирифтани доираи мукаммали чораҳои татбиқ тибқи Сиёсат оид ба рафтори ғайриаслиро надоранд, аммо кумак мекунанд, то ҷомеаи мо табиати таҳаввулкунандаи таҳдидҳоеро дарк намоянд, ки мо дар ин фазо дучор мешавем.
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
Эҷод, истифода ё иддаои истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta (Ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ва ғайра) бо мақсади:
- Фиреб додани Meta ё корбарони мо дар мавриди ҳувият ё асли бинандагон ё ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд
- Саркашӣ аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо.
- Истифодаи нодурусти системаҳои гузоришдиҳии Meta барои таъқиб намудан, таҳдид кардан ба дигарон ё хомӯш кардани онҳо.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун шаклҳои махсусан мураккаби рафтори ғайриаслӣ муайян карда мешавад ва дар он ҳувияти ғайриаслӣ унсури марказии ин амалиёт мебошад ва операторҳо усулҳои душманонаро барои давр задани ошкоршавӣ ё аслӣ ба назар расидан истифода мебаранд.
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар дахолати хориҷӣ, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад ва дар он операторҳои шабака дар ҳамон кишваре, ки амалиёти дахолат бинандагонро ҳадафгирӣ мекунад, қарор нагирифтаанд
- Аз ҷониби ҳукуматҳое, ки ба манъи дарозмуддати шабакаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд, истифода шудани сохторҳои расмӣ, идораҳо ва сафоратҳои онҳо барои инкор кардани истифодаи қувва ё амалҳои зӯроварӣ дар контексти ҳамла алайҳи тамомияти арзии як давлати дигар, ки мухолифи моддаи 2(4) Оинномаи СММ аст.
11 дек 2025
Асоси сиёсат
Вақте ки мо ин шабакаҳоро муайян менамоем, мо ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳои қалбакӣ ё дороиҳои Meta-ро, ки мустақиман дар амалиёт иштирок доранд, нест мекунем. Дар ҳолатҳое, ки ин одамон инчунин Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ё ҷомеаҳоеро эҷод, идора, ба ҳамкорӣ моил мекунанд, мавриди ҳадаф қарор медиҳанд ё назорат мекунанд, ки ниҳодҳои аслӣ мебошанд ва дар рафтори ғайриаслӣ иштирок накардаанд, мо метавонем барои хориҷ кардани ашхосе, ки қоидаҳоро вайрон кардаанд, чораҳо андешем, аммо ба одамон ва ҷомеаҳои иштирокнакарда иҷозат медиҳем, ки дар хизматрасониҳои мо боқӣ монанд.
Мо дар ҳар ҳолати имконпазир хулосаҳои худро оид ба шабакаҳои РҒҲ дар Гузоришҳо дар бораи таҳдиди душманона мубодила мекунем, ки онҳоро метавон дар ин ҷо пайдо кард. Гузоришҳои мазкур маънии фаро гирифтани доираи мукаммали чораҳои татбиқ тибқи Сиёсат оид ба рафтори ғайриаслиро надоранд, аммо кумак мекунанд, то ҷомеаи мо табиати таҳаввулкунандаи таҳдидҳоеро дарк намоянд, ки мо дар ин фазо дучор мешавем.
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
- Эҷод, истифода ё иддаои истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta (Ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ва ғайра) бо мақсади:
- Фиреб додани Meta ё корбарони мо дар мавриди
:ҳувият ё асли бинандагон ё ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд - Ҳувият, мақсад ё асли бинандагон ё ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд; ё
- машҳур будани муҳтаво ё объектҳо дар хизматрасониҳои мо; ё
- моликият ё шабакаи идоракунии объекти Meta.
- Саркашӣ аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо.
- Истифодаи нодурусти системаҳои гузоришдиҳии Meta барои таъқиб намудан, таҳдид кардан ба дигарон ё хомӯш кардани онҳо.
- Даст задан ба фиребгарии мураккаб тавассути истифодаи Объектҳои Meta, аз ҷумла:
- Паҳнсозии ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиши паҳнсозии муҳтаво бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтавои мазкур.
- Эҷоди бинандагони ғайриаслӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиш додани шумораи тамошоҳо ё пайравии объектҳои шабака бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи асл, моликият ё мақсади ягон объект ё объектҳо.
- Рафтори ғайриаслии хориҷӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta аз ҷониби ниҳодҳои хориҷӣ барои ба таври қалбакӣ намояндагӣ кардани садои дохилӣ ё маҳаллӣ бо мақсади фиреби бинандагон дар бораи ҳувият, мақсад ё асли ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд.
- Таомули ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои таҳвили миқдори назарраси таомулҳои бардурӯғ ба услуби тарҳрезишудае, ки аслӣ менамояд, бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтаво.
- Фиребҳои ба таври назаррас монанд: Кӯшишҳои дигари ба таври назаррас монанди иддаошуда ё воқеӣ аз ҷониби шабакаҳои нисбатан мураккаб ва пайвасти объектҳои ғайриаслии Meta бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бобати пайдоиш, шуҳрат ё мақсади муҳтаво.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун шаклҳои махсусан мураккаби рафтори ғайриаслӣ муайян карда мешавад ва дар он ҳувияти қалбакӣ
ҳисобҳои ғайриаслӣунсури марказии ин амалиёт мебошанд ва операторҳо:усулҳои душманонаро барои давр задани ошкоршавӣ ё аслӣ ба назар расидан истифода мебаранд; ва- Истифодаи усулҳои душманона барои канорагирӣ аз ошкоршавӣ ё аслӣ намудан; ва
- Истифодаи усулҳои гуногуни душманона ва ғайриаслӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии аввалиндараҷа; ва
- Пеш аз ҳама кӯшиши назорат кардан ё таъсир расонидан ба мубоҳисаи ҷамъиятӣ.
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар дахолати хориҷӣ, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад ва дар он операторҳои шабака дар ҳамон кишваре, ки амалиёти дахолат бинандагонро ҳадафгирӣ мекунад, қарор нагирифтаанд.
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар дахолати давлат, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад, ки дар он амалиёт ба ягон омили давлатӣ нисбат дода мешавад.
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар дахолати хориҷӣ, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад ва дар он операторҳои шабака дар ҳамон кишваре, ки амалиёти дахолат бинандагонро ҳадафгирӣ мекунад, қарор нагирифтаанд.
- Аз ҷониби ҳукуматҳое, ки ба манъи дарозмуддати шабакаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд, истифода шудани сохторҳои расмӣ, идораҳо ва сафоратҳои онҳо барои инкор кардани истифодаи қувва ё амалҳои зӯроварӣ дар контексти ҳамла алайҳи тамомияти арзии як давлати дигар, ки мухолифи моддаи 2(4) Оинномаи СММ аст.
02 окт 2024
Асоси сиёсат
Мо тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат ба одамон иҷозат намедиҳем, ки худро дар хизматрасониҳои моFacebook нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Рафтори ғайриаслӣ шаклҳои мураккаби гуногуни фиребгариро дар бар мегирад, ки аз ҷониби шабакаи объектҳои ғайриаслии таҳти назорати ҳамон як шахс ё шахсон қарордошта бо мақсади фиреб кардани Meta ё ҷомеаи мо ва ё давр зада гузаштани Стандартҳои ҷомеаи мо анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки омилони таҳдидҳои душманона ҳисобҳои тақаллубиро барои даст задан ба тактикаҳои ғайриаслии печида бо мақсади таъсиррасонӣ ба мунозираи ҷамъиятӣ - онҳо ба коре даст мезананд, ки мо онро ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян менамоем - ё кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи дигаргунсозии мунозираи ҷамъиятӣ бо ягон мақсади стратегӣ истифода мебаранд, ки дар онҳо ҳисобҳои қалбакӣ унсури марказии амалиёт мебошанд. Нисбат ба ин рафтори вайронкунанда чораҳои бештар шадид ва аксар вақт инфиродӣ андешида мешавад, ки ба кӯшишҳои фиреби бештар ҷиддӣ ва печидаи онҳо мувофиқат мекунад. Мо дар ҳама мавридҳои имконпазир хулосаҳои худ дар бораи шабакаҳои рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшударо дар Гузоришҳои семоҳаи худ оид ба таҳдиди хусуматомез, ки дар ин ҷо дастрас аст, мубодила мекунем. Гузоришҳои мазкур маънии фаро гирифтани доираи мукаммали чораҳои татбиқ тибқи Сиёсат оид ба рафтори ғайриаслиро надоранд, аммо кумак мекунанд, то ҷомеаи мо табиати таҳаввулкунандаи таҳдидҳоеро дарк намоянд, ки мо дар ин фазо дучор мешавем.
Дар ҳоле ки рафтори ғайриаслӣ аксар вақт бо муҳтавои шаҳрвандӣ ё сиёсӣ алоқаманд аст ва мо уҳдадор шудаем, ки рафтори ғайриаслиро дар контексти интихобот пешгирӣ кунем, ин амалҳо ва стандартҳои татбиқ новобаста ба муҳтаво, сиёсӣ ё ғайр аз он татбиқ мешаванд. Сиёсати мазкур барои муҳофизат кардани асолати мубоҳиса ва муҳокима дар хизматрасониҳои мо ва эҷоди фазое, ки дар он одамон метавонанд ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, эътимод дошта бошанд, пешбинӣ шудааст.
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
- Эҷод, истифода ё иддаои истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta (Ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ва ғайра) бо мақсади:
- Фиреб кардани Meta ё корбарони мо дар бораи:
- Ҳувият, мақсад ё асли бинандагон ё ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд; ё
- машҳур будани муҳтаво ё объектҳо
Facebook ё Instagramдар хизматрасониҳои мо; ё - моликият ё шабакаи идоракунии объекти Meta.
- Саркашӣ аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо.
- Истифодаи нодурусти системаҳои гузоришдиҳии Meta барои таъқиб намудан, таҳдид кардан ба дигарон ё хомӯш кардани онҳо.
- Даст задан ба фиребгарии мураккаб тавассути истифодаи Объектҳои Meta, аз ҷумла:
- Паҳнсозии ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиши паҳнсозии муҳтаво бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтавои мазкур.
- Эҷоди бинандагони ғайриаслӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиш додани шумораи тамошоҳо ё пайравии объектҳои шабака бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи асл, моликият ё мақсади ягон объект ё объектҳо.
- Рафтори ғайриаслии хориҷӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta аз ҷониби ниҳодҳои хориҷӣ барои ба таври қалбакӣ намояндагӣ кардани садои дохилӣ ё маҳаллӣ бо мақсади фиреби бинандагон дар бораи ҳувият, мақсад ё асли ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд.
- Таомули ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои таҳвили миқдори назарраси таомулҳои бардурӯғ ба услуби тарҳрезишудае, ки аслӣ менамояд, бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтаво.
- Фиребҳои ба таври назаррас монанд: Кӯшишҳои дигари ба таври назаррас монанди иддаошуда ё воқеӣ аз ҷониби шабакаҳои нисбатан мураккаб ва пайвасти объектҳои ғайриаслии Meta бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бобати пайдоиш, шуҳрат ё мақсади муҳтаво.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун шаклҳои махсусан мураккаби рафтори ғайриаслӣ муайян карда мешавад ва дар он ҳисобҳои ғайриаслӣ унсури марказии ин амалиёт ва операторҳо мебошанд:
- Истифодаи усулҳои душманона барои канорагирӣ аз ошкоршавӣ ё аслӣ намудан; ва
- Истифодаи усулҳои гуногуни душманона ва ғайриаслӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии аввалиндараҷа; ва
- Пеш аз ҳама кӯшиши назорат кардан ё таъсир расонидан ба мубоҳисаи ҷамъиятӣ.
- Ниҳодҳо дар дахолати хориҷӣ иштирок кунанд ё иддаои иштирокро кунанд, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад, ки дар он операторҳои шабака дар ҳамон кишваре, ки амалиёт бинандагонро ҳадафгирӣ мекунад, қарор нагирифтаанд.
- Ниҳодҳо дар дахолати давлат иштирок кунанд ё иддаои иштирокро кунанд, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян карда мешавад, ки дар он амалиёт ба ягон омили давлатӣ мансуб аст.
- Аз ҷониби ҳукуматҳое, ки ба манъи дарозмуддати шабакаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд, истифода шудани сохторҳои расмӣ, идораҳо ва сафоратҳои онҳо барои инкор кардани истифодаи қувва ё амалҳои зӯроварӣ дар контексти ҳамла алайҳи тамомияти арзии як давлати дигар, ки мухолифи моддаи 2(4) Оинномаи СММ аст.
18 Июл 2024
Асоси сиёсат
Тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат, мо ба одамон иҷозат намедиҳем, ки худро дар Facebook нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Рафтори ғайриаслӣ маънии шаклҳои мураккаби гуногуни фиребгариро дорад, ки аз ҷониби шабакаи объектҳои ғайриаслии таҳти назорати ҳамон як шахс ё шахсон қарордошта бо мақсади фиреб кардани Meta ё ҷомеаи мо ё давр зада гузаштани Стандартҳои ҷомеаи мо анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки омилони таҳдидҳои душманона ҳисобҳои тақаллубиро барои даст задан ба тактикаҳои ғайриаслии печида бо мақсади таъсиррасонӣ ба мунозираи ҷамъиятӣ - онҳо ба коре даст мезананд, ки мо онро ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян менамоем - ё кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи дигаргунсозии мунозираи ҷамъиятӣ бо ягон мақсади стратегӣ истифода мебаранд, ки дар онҳо ҳисобҳои қалбакӣ унсури марказии амалиёт мебошанд. Нисбат ба ин рафтори вайронкунанда чораҳои бештар шадид ва аксар вақт инфиродӣ андешида мешавад, ки ба кӯшишҳои фиреби бештар ҷиддӣ ва печидаи онҳо мувофиқат мекунад. Мо дар ҳама мавридҳои имконпазир хулосаҳои худ дар бораи шабакаҳои Рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшударо дар Гузоришҳои семоҳаи худ оид ба таҳдиди хусуматомез, ки дар ин ҷо дастрас аст, мубодила мекунем. Гузоришҳои мазкур маънии фаро гирифтани татбиқҳо дар саросари ҷаҳон тибқи Сиёсат оид ба рафтори ғайриаслиро надоранд, аммо ба фароҳам кардани заминаи фаҳмиши ҷомеаи мо дар робита бо табиати таҳаввулкунандаи таҳдидҳо, ки мо дар ин фазо дучор мешавем, кумак мекунанд.
Дар ҳоле ки рафтори ғайриаслӣ аксар вақт бо муҳтавои шаҳрвандӣ ё сиёсӣ алоқаманд аст ва мо уҳдадор шудаем, ки рафтори ғайриаслиро дар контексти интихобот пешгирӣ кунем, ин амалҳо ва стандартҳои татбиқ новобаста ба муҳтаво, сиёсӣ ё ғайр аз он татбиқ мешаванд.Сиёсати мазкур барои муҳофизат карданиасолати мубоҳиса ва муҳокима дар хизматрасониҳои мо,tамнияти ҳисоби корбарон ва хизматрасониҳои мо эҷоди фазое, ки дар он одамон ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, метавонанд эътимод дошта бошанд, пешбинӣ шудааст.
Корҳои зерин манъ аст:
- Истифодаи якчанд ҳисоби Facebook ё истифодаи муштараки ҳисобҳо байни якчанд нафар
- Сӯиистифода аз системаҳои гузоришдиҳии Facebook ё Instagram барои таъқиб кардани дигарон
- Пинҳон кардани мақсади Саҳифа тариқи гумроҳ кардани корбарон дар бораи мансубият ба ё идораи ҳамон Саҳифа
- Иштирок дар рафтори ғайриаслӣ ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ, ки ҳамчун истифодаи дороиҳои Facebook ё Instagram (ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ё Рӯйдодҳо) маънидод карда мешавад, барои гумроҳ кардани одамон ё Facebook:
- Дар бораи ҳувият, мақсад ё асли субъекти, ки онҳо намояндагӣ мекунанд.
- Дар бораи шуҳрати муҳтаво ё дороиҳои Facebook ё Instagram.
- Дар бораи мақсади бинандагон ё ҷомеа.
- Дар бораи манбаъ ё пайдоиши муҳтаво.
- Барои саркашӣ кардан аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо.
- Даст задан ба фиребгарии мураккаб тавассути истифодаи Объектҳои Meta, аз ҷумла:
- Паҳнсозии ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиши паҳнсозии муҳтаво бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтавои мавриди баҳс.
- Эҷоди бинандагони ғайриаслӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta барои афзоиш додани шумораи тамошоҳо ё пайравии объектҳои шабака бо мақсади гумроҳ кардани Meta ё корбарони он дар бораи асл, моликият ё мақсади ягон объект ё объектҳо.
- Рафтори ғайриаслии хориҷӣ: Истифодаи объектҳои ғайриаслии Meta аз ҷониби ниҳодҳои хориҷӣ барои ба таври қалбакӣ намояндагӣ кардани садои дохилӣ ё маҳаллӣ бо мақсади фиреби бинандагон дар бораи ҳувият, мақсад ё асли ниҳоде, ки онҳо намояндагӣ мекунанд.
- Таомули ғайриаслӣ: Истифодаи шабакаи пайвастшудаи объектҳои ғайриаслии Meta барои таҳвили миқдори назарраси таомулҳои бардурӯғ ба услуби тарҳрезишудае, ки аслӣ менамояд, бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бораи шуҳрати муҳтаво.
- Фиребҳои ба таври назаррас монанд: Кӯшишҳои дигари ба таври назаррас монанди иддаошуда ё воқеӣ аз ҷониби шабакаҳои нисбатан мураккаб ва пайвасти объектҳои ғайриаслии Meta бо мақсади фиреб кардани Meta ва корбарони он дар бораи пайдоиш, шуҳрат ё мақсади муҳтаво.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо ба инҳо иҷозат намедиҳем:
Мо иҷозат намедиҳем, киНиҳодҳо дар Рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун шаклҳои махсусан мураккаби Рафтори ғайриаслӣ муайян карда мешавад ва ҳисобҳои ғайриаслӣ барои амалиёт ва омилон нақши марказӣ мебозанд, иштирок кунанд ё даъвои иштирок дар онҳоро кунанд:истифодаи якчанд дороиҳои Facebook ва Instagram, кори дастаҷамъона барои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ (тавре ки дар боло муайян шудааст) ва асоси онро ҳисобҳои қалбакӣ ташкил медиҳанд,- Истифодаи усулҳои бадхоҳона барои канорагирӣ аз ошкоршавӣ ё аслӣ намудан; ва
- Истифодаи усулҳои гуногуни душманона ва ғайриаслӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии аввалиндараҷа; ва
- Пеш аз ҳама кӯшиши назорат кардан ё таъсир расонидан ба мубоҳисаи ҷамъиятӣ.
Мо ба ниҳодҳо иҷозат намедиҳем, ки дар дахолати сохтори хориҷӣ ё давлат иштирок кунанд ё даъвои иштирок дар онро намоянд, ки он рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда аст ва аз номи субъекти хориҷӣ ё ҳукумат ба амал оварда мешавад.- Иштирок ё иддаои иштирок кардани ниҳодҳо дар дахолати хориҷӣ, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян мешавад ва дар он операторҳои шабака дар ҳамон кишваре, ки амалиёти дахолат бинандагонро ҳадафгирӣ мекунад, қарор нагирифтаанд.
- Ниҳодҳо дар дахолати давлат иштирок кунанд ё иддаои иштирокро кунанд, ки ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян карда мешавад, ки дар он амалиёт ба ягон омили давлатӣ мансуб аст.
- Мо ба ҳукуматҳое, ки ба манъи дарозмуддати шабакаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд,
иҷозат намедиҳем, ки сохторҳои расмӣ, идораҳо ва сафоратҳои худро барои инкор кардани истифодаи қувва ё амалҳои зӯроварӣ дар контексти ҳамла алайҳи тамомияти арзии як давлати дигар, ки ба моддаи 2 (4) Оинномаи СММ мухолифат мекунад, истифода баранд.
Мо дар бораи навъҳои маъмули стратегияҳои марбут ба Рафтори ғайриаслӣ ҷузъиёт ва шаффофияти бештар илова кардем, ки онҳоро мунтазам татбиқ мекунем. Мо мафҳуми дахолати давлати хориҷиро ба ҷузъҳо тақсим намудем. Дахолати хориҷӣ ва дахолати давлат. Дар Асоси сиёсат ҷузъиёти иловагӣ бо маълумот дар бораи он ки мо чӣ гуна дар бораи рафтори ғайриаслӣ амиқтар фикр мекунем ва онро, илова бар манбаъҳои дигар, ба Гузориши семоҳа дар бораи таҳдиди бадхоҳона пайванд медиҳем.
25 Апр 2022
Асоси сиёсат
Мо тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат ба одамон иҷозат намедиҳем, ки худро дар хизматрасониҳои мо нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Рафтори ғайриаслӣ шаклҳои мураккаби гуногуни фиребгариро дар бар мегирад, ки аз ҷониби шабакаи объектҳои ғайриаслии таҳти назорати ҳамон як шахс ё шахсон қарордошта бо мақсади фиреб кардани Meta ё ҷомеаи мо ва ё давр зада гузаштани Стандартҳои ҷомеаи мо анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки омилони таҳдидҳои душманона ҳисобҳои тақаллубиро барои даст задан ба тактикаҳои ғайриаслии печида бо мақсади таъсиррасонӣ ба мунозираи ҷамъиятӣ - онҳо ба коре даст мезананд, ки мо онро ҳамчун рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда муайян менамоем - ё кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи дигаргунсозии мунозираи ҷамъиятӣ бо ягон мақсади стратегӣ истифода мебаранд, ки дар онҳо ҳисобҳои қалбакӣ унсури марказии амалиёт мебошанд. Нисбат ба ин рафтори вайронкунанда чораҳои бештар шадид ва аксар вақт инфиродӣ андешида мешавад, ки ба кӯшишҳои фиреби бештар ҷиддӣ ва печидаи онҳо мувофиқат мекунад. Мо дар ҳама мавридҳои имконпазир хулосаҳои худ дар бораи шабакаҳои Рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшударо дар Гузоришҳои семоҳаи худ оид ба таҳдиди хусуматомез, ки дар ин ҷо дастрас аст, мубодила мекунем. Гузоришҳои мазкур маънии фаро гирифтани доираи мукаммали чораҳои татбиқ тибқи Сиёсат оид ба рафтори ғайриаслиро надоранд, аммо кумак мекунанд, то ҷомеаи мо табиати таҳаввулкунандаи таҳдидҳоеро дарк намоянд, ки мо дар ин фазо дучор мешавем.
Дар ҳоле ки рафтори ғайриаслӣ аксар вақт бо муҳтавои шаҳрвандӣ ё сиёсӣ алоқаманд аст ва мо уҳдадор шудаем, ки рафтори ғайриаслиро дар контексти интихобот пешгирӣ кунем, ин амалҳо ва стандартҳои татбиқ новобаста ба муҳтаво, сиёсӣ ё ғайр аз он татбиқ мешаванд. Сиёсати мазкур барои муҳофизат кардани асолати мубоҳиса ва муҳокима дар хизматрасониҳои мо ва эҷоди фазое, ки дар он одамон метавонанд ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, эътимод дошта бошанд, пешбинӣ шудааст.
Корҳои зерин манъ аст:
- Истифодаи якчанд ҳисоби Facebook ё истифодаи муштараки ҳисобҳо байни якчанд нафар
- Сӯиистифода аз системаҳои гузоришдиҳии Facebook ё Instagram барои таъқиб кардани дигарон
- Пинҳон кардани мақсади Саҳифа тариқи гумроҳ кардани корбарон оид ба моликият ё идораи ҳамон Саҳифа
- Иштирок дар рафтори ғайриаслӣ ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ, ки ҳамчун истифодаи дороиҳои Facebook ё Instagram (ҳисобҳо, Саҳифаҳо, Гурӯҳҳо ё Рӯйдодҳо) маънидод карда мешавад, барои гумроҳ кардани одамон ё Facebook:
- Дар бораи ҳувият, мақсад ё асли субъекти, ки онҳо намояндагӣ мекунанд.
- Дар бораи шуҳрати муҳтаво ё дороиҳои Facebook ё Instagram.
- Дар бораи мақсади бинандагон ё ҷомеа.
- Дар бораи манбаъ ё пайдоиши муҳтаво.
- Барои саркашӣ кардан аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
- Мо ба ниҳодҳо иҷозат намедиҳем, ки дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун истифодаи якчанд дороии Facebook ё Instagram дар кори дастаҷамъона барои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ муайян шудааст (тавре ки дар боло маънидод шуд) ва асоси онро истифодаи ҳисобҳои қалбакӣ ташкил медиҳад, иштирок намоянд ё даъвои иштирок дар онро кунанд
- Мо ба ниҳодҳо иҷозат намедиҳем, ки дар дахолати сохтори хориҷӣ ё давлат иштирок кунанд ё даъвои иштирок дар онро намоянд, ки он рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда аст ва аз номи субъекти хориҷӣ ё ҳукумат ба амал оварда мешавад.
- Мо ба ҳукуматҳое, ки ба манъи дарозмуддати шабакаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд, иҷозат намедиҳем, ки сохторҳои расмӣ, идораҳо ва сафоратҳои худро барои инкор кардани истифодаи қувва ё амалҳои зӯроварӣ дар контексти ҳамла алайҳи тамомияти арзии як давлати дигар, ки ба моддаи 2 (4) Оинномаи СММ мухолифат мекунад, истифода баранд.
17 дек 2020
Қисми 22: Рафтори ғайриаслӣ:
Асоси сиёсат
Мо ба одамон тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат иҷозат намедиҳем, ки худро дар Facebook нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Сиёсати мазкур барои муҳофизат кардани амнияти ҳисобҳои корбарон ва хизматрасониҳои мо ва эҷоди фазое, ки дар он одамон ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, эътимод доранд, пешбинӣ шудааст.
Корҳои зерин манъ аст:
- Истифодаи якчанд ҳисоби Facebook ё истифодаи муштараки ҳисобҳо байни якчанд нафар
- Сӯиистифода аз системаҳои гузоришдиҳии Facebook ё Instagram барои таъқиб кардани дигарон
- Иштирок дар рафтори ғайриаслӣ ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ, ки ҳамчун истифодаи дороиҳои Facebook ё Instagram (ҳисобҳо, саҳифаҳо, гурӯҳҳо ё рӯйдодҳо) маънидод карда мешавад, барои гумроҳ кардани одамон ё Facebook:
- дар бораи ҳувият, мақсад ё асли субъекте, ки онҳо намояндагӣ мекунанд
- дар бораи шуҳрати муҳтаво ё дороиҳои Facebook ё Instagram
- дар бораи мақсади бинандагон ё ҷомеа
- дар бораи манбаъ ё пайдоиши муҳтаво
- барои саркашӣ кардан аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо
- Иштирок кардан ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун истифодаи якчанд дороии Facebook ё Instagram дар амалиёти дастаҷамъона барои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ муайян шудааст (тавре ки дар боло маънидод шуд), ки асоси ин амалиётро истифодаи ҳисобҳои қалбакӣ ташкил медиҳад.
- Иштирок кардан ё даъвои иштирок дар дахолати хориҷӣ ё давлат, ки рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда аст ва аз номи субъекти хориҷӣ ё давлатӣ ба амал оварда мешавад.
07 Ноябр 2019
Қисми 22: Рафтори ғайриаслӣ:
Асоси сиёсат
Мо ба одамон тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат иҷозат намедиҳем, ки худро дар Facebook нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Сиёсати мазкур барои эҷод кардани фазое пешбинӣ шудааст, ки дар он одамон метавонанд ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, бовар кунанд.

10 окт 2019
Қисми 22: Рафтори ғайриаслӣ (Нав):
Мо муддати тӯлонӣ сиёсатҳо алайҳи рафтори ғайриаслӣ доштем, вале қаблан онҳо дар қисми Намояндагии нодурусти Стандартҳои ҷомеаи мо ҷойгир буданд. Мо ба наздикӣ сиёсатро навсозӣ кардем то қобилияти мубориза бо тактикаҳои нав ва омилони бадхоҳро боз ҳам беҳтар кунем ва сиёсатро аз қисми Намояндагии нодуруст хориҷ намудем ва қисми махсусе барои Рафтори ғайриаслӣ эҷод кардем.
Асоси сиёсат
Мо ба одамон тибқи уҳдадории худ дар бобати асолат иҷозат намедиҳем, ки худро дар Facebook нодуруст муаррифӣ кунанд, аз ҳисобҳои қалбакӣ истифода намоянд, ба таври сунъӣ шуҳрати муҳтаворо афзоиш диҳанд ё ба рафторе даст зананд, ки боиси вайронкуниҳои дигари Стандартҳои ҷомеаи мо мегарданд. Сиёсати мазкур барои эҷод кардани фазое пешбинӣ шудааст, ки дар он одамон метавонанд ба одамон ва ҷомеаҳое, ки бо онҳо таомул мекунанд, бовар кунанд.
Корҳои зерин манъ аст:
- Истифодаи якчанд ҳисоби Facebook ё истифодаи муштараки ҳисобҳо байни якчанд нафар
- Сӯиистифода аз системаҳои гузоришдиҳии Facebook ё Instagram барои таъқиб кардани дигарон
- Иштирок дар рафтори ғайриаслӣ ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ, ки ҳамчун истифодаи дороиҳои Facebook ё Instagram (ҳисобҳо, саҳифаҳо, гурӯҳҳо ё рӯйдодҳо) маънидод карда мешавад, барои гумроҳ кардани одамон ё Facebook:
- дар бораи ҳувият, мақсад ё асли субъекте, ки онҳо намояндагӣ мекунанд
- дар бораи шуҳрати муҳтаво ё дороиҳои Facebook ё Instagram
- дар бораи мақсади бинандагон ё ҷомеа
- дар бораи манбаъ ё пайдоиши муҳтаво
- барои саркашӣ кардан аз риояи Стандартҳои ҷомеаи мо
- Иштирок кардан ё даъвои иштирок дар рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда, ки ҳамчун истифодаи якчанд дороии Facebook ё Instagram дар амалиёти дастаҷамъона барои иштирок дар рафтори ғайриаслӣ муайян шудааст (тавре ки дар боло маънидод шуд), ки асоси ин амалиётро истифодаи ҳисобҳои қалбакӣ ташкил медиҳад.
- Иштирок кардан ё даъвои иштирок дар дахолати хориҷӣ ё давлат, ки рафтори ғайриаслии ҳамоҳангшуда аст ва аз номи субъекти хориҷӣ ё давлатӣ ба амал оварда мешавад.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба рафтори ғайриаслӣ
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ