Истисмори инсон

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Бо мақсади қатъ ва пешгирӣ кардани зарар мо муҳтавоеро нест мекунем, ки ба истисмори инсон, аз ҷумла ба хариду фурӯши ғайриқонунии инсон мусоидат менамояд ё ин амалро ҳамоҳанг мекунад. Мо хариду фурӯши ғайриқонунии инсонро ҳамчун тиҷорате муайян мекунем, ки дар натиҷаи он касе аз озодӣ ба хотири ба даст овардани фоида маҳрум мегардад. Он истисмори одамон бо мақсади маҷбур сохтани онҳо ба иштирок дар фаъолияти ҷинсии тиҷоратӣ, меҳнат ё фаъолиятҳои дигар бар хилофи майлу хоҳиши онҳост. Асоси онро фиреб, зӯрӣ ва ҷабру фишор ташкил медиҳад ва шаъни инсон тавассути маҳрум кардани одамон аз озодӣ паст зада мешавад, дар ҳоле ки дигарон аз он манфиати иқтисодӣ ё моддӣ мегиранд.
Хариду фурӯши ғайриқонунии инсон гуногунҷанба ва ҷаҳонӣ аст; он метавонад ба ҳар кас, новобаста ба синну сол, заминаи иҷтимоиву иқтисодӣ, мансубияти этникӣ, ҷинс ё макон зиён расонад. Он дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад ва ҳар як ҳолати мушаххаси хариду фурӯши ғайриқонунӣ метавонад аз давраҳои мухталифи таҳаввул иборат бошад. Ин гуна сӯиистифода бино бар моҳияти иҷбории худ бе розигии ҷабрдидагон сурат мегирад.
Гарчанде ки мо набояд мафҳумҳои хариду фурӯши ғайриқонунии инсон ва қочоқи инсонро омехта кунем, онҳо метавонанд бо ҳам алоқаманд бошанд ва якҷоя сурат гиранд. Созмони Милали Муттаҳид қочоқи инсонро ҳамчун ташкил ё мусоидат ба вуруди ғайриқонунӣ ба ҳудуди ин ё он давлат тавассути сарҳадҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ҳатто бидуни зарурати ҷабру фишор ё истифодаи қувва он ҳанӯз метавонад боиси истисмори шахсони осебпазире шавад, ки саъй мекунанд кишвари аслии худро аксар вақт ба хотири зиндагии беҳтар тарк намоянд. Қочоқи инсон ҷиноят бар зидди давлат аст, ки ба ҳаракати одамон асос меёбад ва хариду фурӯши ғайриқонунии инсон ҷиноят бар зидди шахс аст, ки ба истисмори инсон асос меёбад.
Илова бар муҳтавое, дар он масъалаҳои хариду фурӯши ғайриқонунии инсон ва қочоқи инсон маҳкум мешаванд, сатҳи огоҳӣ дар бораи ин масъалаҳо баланд бардошта мешавад ё хабарҳое, ки дар бобати ин масъалаҳо гузориш медиҳанд, мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки дар он маълумот дар бораи бехатарии шахсӣ ва убури сарҳад, паноҳҷӯӣ ё роҳҳои тарк кардани кишвар дархост ё мубодила мешавад.
Инҳоро пост накунед:
Муҳтаво, фаъолият ё таомулҳое, ки одамонро ба ҳама гуна шаклҳои зерини хариду фурӯши ғайриқонунии инсон истихдом мекунад, ба ин амалҳо мусоидат мекунад ё истисмори одамон тавассути ин амалҳо анҷом мегирад:
  • Хариду фурӯши ғайриқонунии инсон бо мақсади истисмори ҷинсӣ (ҳама гуна фаъолияти тиҷоратии ҷинсӣ бо ноболиғ ё ҳама гуна фаъолияти тиҷоратии ҷинсӣ бо шахси калонсол, ки қувва, қаллобӣ ё ҷабру фишорро дар бар мегирад)
  • Фурӯши кӯдакон ё фарзандхонии ғайриқонунӣ
  • Хариду фурӯши кӯдакони ятим ва саёҳати ихтиёрӣ бо кӯдакони ятим
  • Издивоҷҳои маҷбурӣ (аз ҷумла издивоҷҳои кӯдакон)
  • Истисмори меҳнат (аз ҷумла меҳнати маҷбурӣ)
  • Меҳнати хонагии маҷбурӣ
  • Хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои барқарорнашаванда, ба истиснои ҷудо кардан, хайрия кардан ё трансплантатсияи узвҳо дар контексти хайрияи узвҳо, ки ба истисмор рабт надорад
  • Фаъолияти ҷиноятии маҷбурӣ (масалан, гадоии маҷбурӣ, қочоқи маҷбурии маводи мухаддир).
  • Ҷалби сарбозони ноболиғ
Муҳтавое, ки дар он иштироккунандаи тарафи сеюм ба фаъолияти тиҷоратии ҷинсӣ истихдом мекунад, ба он мусоидат менамояд ё аз он манфиат (молиявӣ ё тариқи дигар) мегирад
Муҳтавое, ки мусоидат ба қочоқи инсон ва ё таъмини онро пешниҳод мекунад.
Муҳтавое, ки хизматрасониҳои қочоқи инсонро дархост мекунад
Мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки тариқи дигар тавассути ин сиёсат фаро гирифта шудааст, вақте ки он дар контексти маҳкумкунӣ, таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ё гузоришҳои хабарӣ пост мешавад.
Дар доираи Сиёсатҳои мо оид ба истисмори инсон, бозбиникунандагон ва системаҳои худкори мо метавонанд як қатор аломатҳои рафториро низ ба назар гиранд, то дар ошкор намудан ва андешидани чора нисбат ба ҳисобҳое, ки қоидаҳоро риоя намекунанд, кумак намоянд.
  • Мо метавонем ҳисобҳоро дар асоси таомули онҳо бо ҳисобҳои дигаре, ки қоидаҳоро вайрон мекунанд, ҷустуҷӯи муҳтавои вайронкунанда ё таомулҳо бо он ё узвият дар ҷомеаҳое (масалан, гурӯҳҳо), ки мо онҳоро барои вайрон кардани сиёсатҳоямон нест кардаем, маҳдуд намоем.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Мо метавонем муҳтавоеро, ки кор дар маконҳои дорои хавфи баланди истисмори меҳнатро пешниҳод менамояд, дар сурати гирифтани тасдиқ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ё шарикони муътамади дигар, нест кунем
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба истисмори инсон
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ