Рафтори нафратангез

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Ба эътиқоди мо, одамон аз имконияти ибрози назари хеш ва муошират бештар озодона истифода менамоянд, агар онҳо ҳис накунанд, ки дар асоси шахсияти худ мавриди ҳамла қарор мегиранд. Аз ин рӯ мо дар Facebook, Instagram ё Threads ба рафтори нафратангез иҷозат намедиҳем.
Мо рафтори нафратангезро ҳамчун ҳамлаҳои бевосита ба одамон (на мафҳумҳо ё муассисаҳо) дар асоси хусусиятҳое, ки мо онҳоро муҳофизатшуда (ХМ) меномем, яъне нажод, мансубияти этникӣ, асли миллӣ, маъюбият, мансубияти динӣ, каста, гароиши ҷинсӣ, ҷинс, ҳувияти гендерӣ ва бемории ҷиддӣ, муайян мекунем. Илова бар ин, мо синну солро хусусияти муҳофизатшуда мешуморем, вақте ки он ҳамроҳ бо хусусияти муҳофизатшудаи дигар зикр мешавад. Мо инчунин гурезаҳо, муҳоҷирон ва паноҳҷӯёнро аз шадидтарин ҳамлаҳо (Сатҳи 1 дар зер) ҳимоя мекунем, ҳарчанд мо ба шарҳҳо дар бораи сиёсатҳои муҳоҷират ва танқиди онҳо иҷозат медиҳем. Мисли ин, мо муҳофизати баъзе хусусиятҳои муҳофизатнашаванда, аз қабили шуғлро фароҳам мекунем, вақте ки ба онҳо ҳамроҳ бо хусусиятҳои муҳофизатшудаи дигар истинод карда мешавад. Баъзан, дар асоси нозукиҳои фарҳанги маҳаллӣ, мо баъзе калимаҳо ё ибораҳои муайянро ҳамчун нишонаҳои пуристифода барои гурӯҳи одамони дорои хусусиятҳои муҳофизатшаванда меҳисобем.
Мо сухани ғайриинсонӣ, иттиҳомҳои бадахлоқӣ ё ҷинояткории ҷиддӣ ва дашномҳоро нест мекунем. Мо инчунин стериотипҳои зарароварро нест мекунем, ки онҳоро ҳамчун муқоисаҳои паст задани шарафи инсонӣ муайян менамоем. Онҳо таърихан барои ҳамла кардан, тарсондан ё истисно кардани гурӯҳҳои мушаххас истифода мешуданд ва одатан бо зӯроварӣ дар ҷаҳони воқеӣ алоқаманданд. Дар ниҳоят, мо таҳқирҳои ҷиддӣ, ибораҳои бадбинӣ ё нафрат, дашном ва даъватҳо ба истисно ё ҷудокуниро ҳангоми мавриди ҳадаф қарор додани одамон дар асоси хусусиятҳои муҳофизатшуда нест мекунем. Мо ин гуна суханро аз рӯи шадидият ба ду сатҳ ҷудо мекунем, ки дар зер тавсиф шудаанд.
Мо эътироф мекунем, ки баъзан одамон муҳтавоеро, ки дашномҳо ё сухани каси дигареро дар бар мегирад, бо мақсади маҳкум кардани ин гуна сухан ё гузориш додан дар бораи он мубодила мекунанд. Дар ҳолатҳои дигар изҳорот, аз ҷумла дашномҳо, ки метавонанд тариқи дигар мухолифи стандартҳои мо бошанд, дар ҳаққи худ ё бо мақсади тавонмандкунӣ истифода мешаванд. Мо ба ин гуна сухан ҳангоми возеҳ будани нияти гӯянда иҷозат медиҳем. Мо метавонем дар ҳолати норавшан будани ният муҳтаворо нест кунем.
Баъзан одамон ҳангоми муҳокима кардани дастрасӣ ба фазоҳое, ки аксар вақт ба ҷинс ё гендер маҳдуданд, аз қабили дастрасӣ ба дастшӯӣ, мактабҳои мушаххас, вазифаҳои мушаххаси низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ё омӯзгорӣ ва гурӯҳҳои саломатӣ ё дастгирӣ, тарзи баёни истиноии ҷинсӣ ё гендериро истифода мебаранд. Дар мавридҳои дигар, онҳо дар контексти муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ, аз қабили муҳокимаи ҳуқуқҳои трансгендерҳо, муҳоҷират ё ҳамҷинсгароӣ ба истисно даъват мекунанд ё тарзи баёни таҳқиромезро истифода мебаранд. Дар ниҳоят, баъзан, дар ҳаққи ягон гендер дар контексти ҷудошавии ошиқона лаънат мекунанд. Дар сиёсатҳои мо фароҳам овардани имконият барои ин гуна сухан пешбинӣ шудааст.
Инҳоро пост накунед:
Сатҳи 1
Муҳтавое, ки як шахс ё гурӯҳи одамонро (ба истиснои гурӯҳҳое, ки ҳамчун содиркунандагони ҷиноятҳои зӯроварӣ ё ҷурмҳои ҷинсӣ тавсиф карда шудаанд ё камтар аз нисфи гурӯҳро намояндагӣ мекунанд) дар асоси хусусият(ҳо)и муҳофизатшудаи дар боло зикршуда ё вазъияти муҳоҷирати онҳо дар шакли хаттӣ ё аёнӣ мавриди ҳадаф қарор медиҳад ва инҳоро дарбар мегирад:
  • Тарзи баёни ғайриинсонӣ дар шакли муқоиса ё умумиятдиҳӣ бо ҳайвонот, патогенҳо ё шаклҳои дигари махлуқоти аз инсон пасттар, аз ҷумла:
    • Ҳашарот (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: нонхӯракҳо, малахҳо)
    • Ҳайвонот дар маҷмуъ ё намудҳои мушаххаси ҳайвонот, ки аз назари фарҳангӣ пасттар маҳсуб мешаванд (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: одамони сиёҳпӯст ва маймунҳо ё махлуқҳои ба маймун монанд; яҳудиён ва каламушҳо; мусулмонон ва хукҳо; мексикоиҳо ва кирмҳо)
    • Бактерия, вирусҳо ё микробҳо
    • Одамони дараҷаи паст (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: одамони ваҳшӣ, шаётин, аъҷубаҳо)
  • Иттиҳоми бадахлоқӣ ва ҷинояткории ҷиддӣ:
    • Таҷовузгарони ҷинсӣ ва педофилҳо (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: алоқаи ҷинсии мусулмонон бо бузҳо ё хукҳо)
    • Ҷинояткороне, ки ҷиноятҳои зӯроварӣ содир мекунанд (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: террористҳо, қотилон)
  • Даъватҳо ва умедвориҳо ба расонидани зарарҳои зерин (таҳдидҳои ҷиддӣ ё мушаххас ва даъватҳо ба зӯроварӣ дар сиёсати мо оид ба мубориза бо зӯроварӣ ва иғвогарӣ баррасӣ мешаванд):
    • Гирифтор шудан ба беморӣ
    • Аз сар гузаронидани офати табиӣ
    • Осебрасонӣ ба худ ё худкушӣ
    • Марг бидуни ишора ба гунаҳгор ё усули он
    • Садамаҳо ва зарарҳои ҷисмонии дигар, ки дар ғайби гунаҳгор ё бо хости худованд ба амал омадаанд
  • Стереотипҳои зараровар, ки таърихан ба тарсондан ё зӯроварӣ алоқаманд мебошанд, монанди "блэкфейс"; инкори Ҳолокост; иддаоҳо дар бораи он ки яҳудиён муассисаҳои молиявӣ, сиёсӣ ё расонаиро идора мекунанд; истинод ба далитҳо ҳамчун мардикорони хизматгор; ва муқоисаи одамони сиёҳпӯст бо таҷҳизоти ферма.
  • Масхараи мафҳум, рӯйдод ё ҷабрдидагони ҷиноятҳои нафратангезӣ, ҳатто агар дар расм шахси воқеӣ тасвир нашуда бошад.
  • Масхараи одамон барои доштан ё гирифтор будан ба ягон беморӣ.
  • Муҳтавое, ки дар он одамон бо дашномҳо тавсиф мешаванд ё ба онҳо ба таври манфӣ бо дашномҳо муроҷиат мешавад. Дашномҳо ҳамчун калимаҳое муайян карда мешаванд, ки табиатан фазои истисно ё таҳдид нисбат ба одамонро дар асоси ягон хусусияти муҳофизатшуда ба вуҷуд меоранд, аксар вақт бино бар он ки ин калимаҳо ба табъиз, зулм ва зӯроварии таърихӣ рабт доранд.
Сатҳи 2
Муҳтавое, ки бар зидди як нафар ё гурӯҳи одамон дар асоси хусусият(ҳо)и муҳофизатшуда равона карда мешавад (дар шакли хаттӣ ё аёнӣ) бо:
  • Даъватҳо ба истисно ё ҷудокунӣ ё дастгирии он ё изҳороти нияти истисно ё ҷудо кардан ба таври зерин муайян карда мешаванд:
    • Истиснои умумӣ, ки маънии даъват ба истисно ё ҷудокунии умумиро дорад, аз қабили “Ба X иҷозат дода намешавад!”
    • Истиснои сиёсӣ, ки маънии рад кардани ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ё овардани далелҳо ба ҷонибдории ҳабс ва ё маҳрумият аз ҳуқуқҳои сиёсиро дорад.
    • Истиснои иқтисодӣ, ки маънии рад кардани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва маҳдуд кардани иштирок дар бозори меҳнатро дорад. Мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки дар он маҳдудиятҳои гендерӣ дар мавриди истихдом дар артиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолияти омӯзгорӣ баҳс мешаванд. Мо инчунин ба ҳамон муҳтаво дар асоси гароиши ҷинсӣ, вақте ки муҳтаво ба эътиқоди мазҳабӣ асос ёфтааст, иҷозат медиҳем.
    • Истиснои иҷтимоӣ, ки маънии амалҳоеро, монанди рад кардани дастрасӣ ба фазоҳо (физикӣ ва онлайн) ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дорад, ба ғайр аз истисно дар асоси ҷинс ё гендер аз дастрасӣ ба фазоҳое, ки маъмулан мувофиқи ҷинс ё гендер маҳдуд мебошанд, аз қабили ҳоҷатхонаҳо, намудҳои варзиш ва лигаҳои варзишӣ, гурӯҳҳои тандурустӣ ва дастгирӣ ва мактабҳои мушаххас.
  • Таҳқирҳо, аз ҷумла дар бораи:
    • Хулқу атвор, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад, иттиҳомоти тарсуӣ, бевиҷдонӣ, ҷинояткории умумӣ, инчунин бадахлоқии ҷинсӣ ва дигар фосиқиҳои ҷинсӣ.
    • Хусусиятҳои зеҳнӣ, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад, иттиҳомоти аблаҳӣ, қобилияти зеҳнӣ, бемории рӯҳӣ ва муқоисаҳои беасоси байни гурӯҳҳои ХМ дар асоси қобилияти зеҳнии ирсӣ. Мо ба иттиҳомоти марбут ба бемории рӯҳӣ ё ғайримуқаррарӣ будан, вақте ки иттиҳомот ба гендер ё гароиши ҷинсӣ асос меёбанд, бо назардошти мубоҳисаи сиёсӣ ва мазҳабӣ дар мавриди ҷараёни трансгендерӣ ва ҳамҷинсгароӣ ва истифодаи умумии ғайриҷиддии калимаҳо, монанди “ғайриодӣ” иҷозат медиҳем.
    • Соҳаҳои дигар, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад, иттиҳомоти беарзиш, бесуд, зишт, чиркин будан.
  • Ибораҳое, ки сабабгори беморӣ шудани ҳадафро дар назар доранд, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад, "маро дилбеҳузур мекунад".
  • Дашноми ба ҳадаф равонашуда, ба истиснои дашноми муайяне, ки ба ҷинсият дар контексти қатъшавии муносибатҳои ошиқона марбут аст, чунин муайян карда мешавад:
    • Истифодаи ба ҳадаф равонашудаи калимаи “лаънат, гум бод, нест бод” (fuck) (бо нияти таҳқир, аз қабили “Лаънат ба [Хусусияти муҳофизатшуда]!” (“Fuck the [Protected Characteristic]!)
    • Истилоҳот ё ибораҳое, ки ба иштирок дар фаъолияти ҷинсӣ ё тамос ба узвҳои таносул, мақъад, ахлот ё пешоб даъват мекунанд, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад: "кери маро бимак", "куни маро бибӯс", "гуҳ хурдӣ".
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Инҳоро пост накунед:
  • Муҳтавое, ки дар он ошкоро маҳсулот ё хизматрасониҳое пешниҳод мегардад ё нияти пешниҳод кардани онҳо мавҷуд аст, ки ба тағйир додани гароиши ҷинсӣ ё ҳувияти гендерии одамон равона шудааст.
  • Муҳтавое, ки дар он ба мафҳумҳо, муассисаҳо, идеяҳо, амалияҳо ё ақидаҳои марбут ба хусусиятҳои муҳофизатшуда ҳамла мешавад, ки эҳтимолан ба зарари ҷисмонӣ, тарсондан ё табъизи ногузир алайҳи одамоне, ки бо он хусусияти муҳофизатшуда алоқаманданд, мусоидат мекунад. Барои муайян кардани мавҷудияти таҳдиди зараррасонӣ дар муҳтаво Meta силсилаи аломатҳоро пайгирӣ мекунад. Ба ин, аз ҷумла аломатҳои зерин дохил мешаванд, вале бо ин маҳдуд намешавад: муҳтавое, ки метавонад ба зӯроварӣ ё тарсондани ногузир таҳрик кунад; мавҷудияти давраи шиддатнокии баланд, монанди интихобот ё низои ҷорӣ; ва мавҷудияти охирин таърихи зӯроварӣ нисбат ба гурӯҳи муҳофизатшудаи мавриди ҳадаф. Дар баъзе ҳолатҳо мо метавонем ба инобат гирем, ки оё сухангӯ шахси маъруф ё соҳиби мақоми расмӣ аст.
Дар мавридҳои муайян мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки тариқи дигар метавонад ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат кунад, агар муқаррар карда шавад, ки ин муҳтаво ҳазломез аст. Ба муҳтаво танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки унсурҳои вайронкунандаи он ба услуби ҳазломез ифода ёфта бошанд ё ба ягон чиз ё ягон каси дигар бо мақсади масхара ё танқиди ӯ рабт дода шаванд.
Эзоҳ: агар шумо корбар дар Иттиҳоди Аврупо бошед ва муҳтавоеро бинед, ки ба назари шумо, қонунҳои кишвари шумо дар бораи сухани нафратомезро вайрон мекунад, метавонед ба Facebook ё Instagram дархости қонунӣ оид ба нест кардани он муҳтаво пешниҳод намоед.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Иттилоот
Гузориши охирин дар бораи татбиқи Стандартҳои ҷомеаро аз назар гузаронед
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба рафтори нафратангез
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ