Шахсон ва ташкилотҳои хатарнок
Тафсилоти сиёсат
САБТИ ТАҒЙИРОТ
Имрӯз
08 Фев 2024
29 дек 2023
29 Авг 2023
27 Апр 2023
23 дек 2021
24 Ноябр 2021
15 окт 2021
26 Авг 2021
23 июн 2021
22 окт 2020
27 Авг 2020
27 Фев 2020
10 окт 2019
27 Сен 2019
28 дек 2018
Асоси сиёсат
Бо мақсади пешгирӣ намудан ва қатъ кардани вуқӯи зараррасонӣ дар ҷаҳони воқеӣ мо ба ташкилотҳо ё шахсони алоҳида, ки рисолати зӯровариро эълон мекунанд ё ба зӯроварӣ даст мезананд, иҷозати ҳузур дар платформаҳои моро намедиҳем. Мо ин ниҳодҳоро аз рӯи рафторашон, ҳам дар реҷаи онлайн ва ҳам дар ҳаёти воқеӣ ва аз ҳама муҳимтар аз рӯи робитаашон бо зӯроварӣ арзёбӣ мекунем. Тибқи ин сиёсат, мо таъиноти шахсони алоҳида, ташкилотҳо ва шабакаҳои одамонро анҷом медиҳем. Ин таъинот ба ду сатҳ тақсим мешаванд, ки дараҷаи таъмини риояи қоидаҳои марбут ба муҳтаворо нишон медиҳанд. Сатҳи 1 шадидтарин чораҳои таъмини риояи қоидаҳои марбут ба муҳтаворо пешбинӣ менамояд, зеро ба ақидаи мо ин субъектҳо бо зарари офлайн аз ҳама бештар робитаи мустақим доранд.
Дар Сатҳи 1 ба субъектҳое тамаркуз мешавад, ки ба зарарҳои офлайни ҷиддӣ, аз ҷумла ба ташкил ё ҷонибдории зӯроварӣ нисбат ба аҳолии ғайринизомӣ, такроран паст задани шахсияти инсон ё ҷонибдории зараррасонӣ ба одамон дар асоси хусусиятҳои муҳофизатшуда ва ё ба иштирок дар амалҳои ҷинояткоронаи муназзам даст мезананд. Ба Сатҳи 1 инҳо дохил мешаванд: ташкилотҳои барангезандаи нафрат; ташкилотҳои ҷинояткор, аз ҷумла онҳое, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Саркардагони қочоқи маводи мухаддир (SDNTK) таъин кардааст; ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Ташкилотҳои террористии хориҷӣ (FTO) ё Террористҳои ҷаҳонии махсус (SDGT) таъин кардааст. Мо ситоиш, дастгирӣ ва намояндагии субъектҳои Сатҳи 1, инчунин роҳбарон, муассисон ё аъзои барҷастаи онҳо, инчунин истинодҳои норавшан ба онҳоро нест мекунем.
Илова бар ин, мо ба муҳтавои иборат аз ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии рӯйдодҳое, ки аз ҷониби Meta ҳамчун рӯйдодҳои зӯроварӣ таъин шудаанд, аз ҷумла ҳамлаҳои террористӣ, рӯйдодҳои барангезандаи нафрат, зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор, силсилаи кушторҳо ё ҷиноятҳои нафратангезӣ иҷозат намедиҳем. Инчунин, мо ба (1) ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии содиркунанда(гон)и чунин ҳамлаҳо; (2) муҳтавои марбут ба чунин ҳамлаҳо, ки аз ҷониби содиркунандаи он эҷод шудааст; ё (3) тасвирҳои тарафи сеюм, ки лаҳзаи анҷом ёфтани чунин ҳамлаҳо ба ҷабрдидагони дар ин тасвирҳо намоёнро тасвир мекунанд, иҷозат намедиҳем. Мо инчунин муҳтавоеро нест мекунем, ки ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии рӯйдодҳоеро дар бар мегирад, ки ба нафратангезӣ, аз қабили натсизм ва бартарии сафедпӯстон мусоидат менамояд.
Сатҳи 2 Субъектҳои ғайридавлатиеро, ки ба зӯроварӣ даст мезананд, дар бар мегирад ва ин субъектҳо ба зӯроварӣ нисбат ба субъектҳои давлатӣ ё низомӣ дар низои мусаллаҳона даст мезананд, аммо шахсони ғайринизомиро қасдан мавриди ҳадаф қарор намедиҳанд. Он инчунин Субъектҳои ба зӯроварӣ таҳриккунандаро дар бар мегирад, ки ба омодасозӣ ва ҷонибдории зӯроварӣ дар оянда машғуланд, аммо то ба имрӯз ҳатман ба зӯроварӣ даст назадаанд. Онҳо инчунин субъектҳое мебошанд, ки метавонанд дар платформаи мо ё берун аз он батакрор ба вайронкунии сиёсатҳои мо оид ба сухани нафратомез ва ташкилотҳои хатарнок даст зананд. Мо ситоиш, дастгирии моддӣ ва намояндагии ин субъектҳо, роҳбарон, муассисон ва аъзои барҷастаи онҳоро нест мекунем.
Мо эътироф менамоем, ки корбарон метавонанд муҳтавоеро мубодила кунанд, ки дар контексти муколамаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ истинодҳо ба ташкилотҳо ва шахсони хатарноки таъиншударо дар бар мегирад. Ба ин муҳтавое дохил мешавад, ки дар он ташкилотҳо ва шахсони хатарнок ё фаъолияти онҳо беғаразона муҳокима ё маҳкум мешаванд ва дар бораи онҳо гузориш дода мешавад.
Гузоришҳои ахборӣ маълумотеро дар бар мегиранд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз рӯйдодҳои маҳаллӣ ва ҷаҳоние мубодила мешаванд, ки дар онҳо ташкилотҳо ва шахсони хатарноки таъиншуда даст доранд.
- Масалан: “Хабари доғ: Аш-Шабоб масъулияти ҳамла дар Сомалиро ба уҳда гирифт”
- Масалан: “Пайдарпайии воқеаҳо ва таҳлили коршиносон: тирандозӣ дар супермаркети Буффало чӣ гуна ба вуқуъ омад ва ҷинояткор дар суд чӣ гуфт”
Муҳокимаи беғаразона изҳороти воқеӣ, шарҳҳо, саволҳо ва маълумоти дигареро дар бар мегирад, ки дар мавриди ташкилот ё шахси хатарноки таъиншуда ё рафтори ӯ қазовати мусбат намекунанд.
- Масалан: “Бинобар набудани роҳбарӣ ва маблағгузорӣ таҳдиди Ал-Қоида дар муқоиса бо ДИИШ камтар аст”
- Масалан: “Андерс Брейвик як мисоли он аст, ки раванди радикализатсия то чӣ андоза метавонад мураккаб бошад”
Маҳкум намудан мазаммат, танаффур, қабул надоштан, танқид, масхара ва дигар изҳороти манфиро нисбат ба ташкилот ё шахси хатарноки таъиншуда ё рафтори ӯ дар бар мегирад.
- Масалан: “Аз ҷинояти Салвадор Рамос нафрат мекунам. Ман аз суханони судя мутаассир шудам. Суд набояд ба ӯ раҳм кунад”
- Масалан: “Ҷиноятҳои Гитлер ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Инҳо тиратарин давраҳои таърих буданд”
Сиёсатҳои мо тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки барои чунин муҳокимаҳо фазо боқӣ мегузоранд ва, ҳамзамон, хавфи зарари эҳтимолии ҷаҳони воқеиро маҳдуд месозанд. Аз ин рӯ, мо аз одамон талаб мекунем, ки ҳангоми эҷод ё мубодила кардани чунин муҳтаво нияти худро ба таври возеҳ баён кунанд. Агар нияти ягон корбар равшан ё возеҳ набошад, мо муҳтаворо ба таври пешфарз нест мекунем.
Cиёсатҳои мо мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, ба муҳокимаҳо оид ба ҳуқуқи шахсони таъиншуда ё аъзои ниҳодҳои хатарноки таъиншуда иҷозат медиҳанд, ба шарте ки муҳтаво дигар гуна ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии шахсони таъиншуда ва вайронкуниҳои дигари сиёсат, монанди барангехтани зӯровариро дарбар нагирад.
Барои маълумоти бештар дар бораи уҳдадории мо оид ба риояи ҳуқуқҳои эътирофшудаи инсон дар сатҳи байналмилалӣ, лутфан, Сиёсати корпоративии ҳуқуқи инсони моро мутолиа кунед.
Мо инҳоро нест мекунем:
Мо ситоиш, дастгирӣ ва намояндагии ташкилотҳо ва шахсони хатарноки мухталифро нест мекунем. Ин мафҳумҳо нисбат ба худи ташкилотҳо, фаъолиятҳои онҳо ва аъзои онҳо татбиқ карда мешаванд. Ин мафҳумҳо ҷонибдории осоиштаи натиҷаҳои сиёсии мушаххасро манъ намекунанд.
Ситоиш ҳамчун яке аз амалҳои зерин муайян карда мешавад:
- Қонунӣ шуморидан ё ҳимоя кардани амалҳои зӯроварона ё нафратомези ниҳоди таъиншуда тавассути иддаои он, ки ин амалҳо асоси ахлоқӣ, сиёсӣ, мантиқӣ ё дигаре доранд, ки онҳоро қобили қабул ё оқилона мегардонад.
- Масалан: "Гитлер ягон кори бад накардааст."
- Ҳамчун дастовард ё муваффақият тавсиф ё таҷлил кардани зӯроварӣ ё нафрати ниҳоди таъиншуда;
- Масалан: “Ҳизб-ул-муҷоҳидин дар ҷанг барои озодӣ ва истиқлоли Кашмир ғолиб мешавад”
- Изҳорот дар бораи орзуи узвият ё изҳорот дар бораи он ки шумо мехоҳед ниҳоди таъиншуда ё айбдор ба рӯйдоди зӯроварии хушунатомез бошед.
- Масалан: “Орзу дорам, ки бо ДИИШ пайвандам ва ҷузъи Хилофат шавам”
Мо ситоиши ниҳодҳои Сатҳи 1 ва Сатҳи 2, инчунин рӯйдодҳои таъиншударо нест мекунем.
Агар нияти корбар ба таври возеҳ баён карда нашавад, барои Сатҳи 1 ва рӯйдодҳои таъиншуда мо инчунин метавонем истинодҳои норавшан ва беконтекстро нест кунем. Ин ҳазли норавшан, истинодҳои безернавис ё мусбат, ки зӯроварӣ ё нафрати ниҳоди таъиншударо ситоиш намекунанд, дар бар мегирад.
Дастгирӣ ҳамчун яке аз амалҳои зерин муайян карда мешавад:
- Дастгирии моддӣ
- Ҳама гуна амале, ки вазъи молиявии ниҳоди таъиншударо беҳтар мекунад, аз ҷумла интиқоли маблағ ба ниҳоди таъиншуда ё аз он;
- Масалан, "Ба ККК хайрия кунед!"
- Ҳама гуна амале, ки ба ниҳод ё рӯйдоди таъиншуда кумаки моддӣ мекунад;
- Масалан, "Агар шумо ба картели Синалоа бастаҳои чизҳои лозима фиристодан хоҳед, ин суроғаро истифода баред:"
- Истихдом аз номи ниҳод ё рӯйдоди таъиншуда;
- Масалан, "Агар шумо барои Хилофат ҷанг кардан хоҳед, ба ман паёми мустақим фиристед."
- Дастгирии дигар
- Интиқоли маълумот ё манбаъҳо, аз ҷумла иртиботи расмӣ, аз номи ниҳод ё рӯйдоди таъиншуда;
- Масалан, бевосита иқтибос кардани ниҳоди таъиншуда бидуни матни зернавис, ки ба маҳкум кардан ва бетарафона муҳокима кардан равона шудааст ё ҷузъи гузориши хабарӣ мебошад.
- Интишор кардани даъват ба амал аз номи ниҳод ё рӯйдоди таъиншуда;
- Масалан: "Бо Atomwaffen Division тамос гиред – (XXX) XXX-XXXX"
Мо ҳама дастгирии Сатҳи 1 ва дастгирии моддии Сатҳи 2-ро нест мекунем.
Намояндагӣ ҳамчун яке аз амалҳои зерин муайян карда мешавад:
- Изҳор кардани он, ки шумо ниҳоди таъиншуда ё узви ниҳоди таъиншуда ҳастед.
- Масалан, "Ман аждаҳои бузурги KKK мебошам."
- Эҷод кардани саҳифа, профил, рӯйдод, гурӯҳ ё субъекти дигар дар Facebook, ки ниҳоди таъиншуда аст ё иддао мекунад, ки ба ниҳоди таъиншуда тааллуқ дорад ё аз номи онҳо идора мешавад ва ё амалан рӯйдоди таъиншуда аст ё иддао мекунад, ки рӯйдоди таъиншуда мебошад.
- Масалан, саҳифае бо номи "Ҳизби натсистии Америка."
Мо намояндагии ташкилоти таъиншуда ва рӯйдодҳои таъиншудаи Сатҳи 1 ва 2-ро нест мекунем.
Навъҳо ва Cатҳҳои ташкилотҳои хатарнок
Cатҳи 1: Терроризм, фаъолияти муташаккил бар пояи нафратангезӣ, фаъолияти ҷиноятии миқёсан калон, зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор ва кӯшиши анҷом додани зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор, кушторҳои силсилавӣ ва рӯйдодҳои зӯроварие, ки ба қонуну қоидаҳо мухолифат мекунанд
Ба ҳузури шахсон ё ташкилотҳое, ки дар ҷинояти муташаккил, аз ҷумла онҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Саркардагони қочоқи маводи мухаддир ( SDNTK ) таъин шудаанд; нафратангезӣ; ё терроризм, аз ҷумла ниҳодҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамчун ташкилотҳои террористии хориҷӣ (FTO) таъин шудаанд ё террористҳои байналмилалии махсусан ишорашуда (SDGT) дар платформаи мо иҷозат дода намешавад. Мо инчунин ба шахсони дигар иҷозат намедиҳем, ки ин ниҳодҳоро намояндагӣ кунанд. Мо дар платформа ба ҳузури роҳбарон ё аъзои намоёни ин ташкилотҳо, ба истифодаи рамзҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ё ба муҳтавое, ки онҳо ё амалҳои онҳоро ситоиш мекунад, аз ҷумла ба онҳо истиноди норавшан мекунад, иҷозат намедиҳем. Илова бар ин, мо ҳама гуна дастгирии ин шахсон ва ташкилотҳоро нест мекунем.
Мо ба муҳтавое иҷозат намедиҳем, ки дар он ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии рӯйдодҳое карда мешаванд, ки Meta онҳоро ҳамчун ҳамлаҳои террористӣ, рӯйдодҳои барангезандаи нафрат, зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор ё кӯшиши чунин зӯроварӣ, кушторҳои силсилавӣ, ҷиноятҳои нафратангезӣ ё рӯйдодҳои зӯроварии мухолифи қонуну қоидаҳо таъин кардааст. Инчунин, мо ба (1) муҳтавое, ки содиркунанда(гон)и чунин ҳамлаҳоро ситоиш, дастгирӣ ё намояндагӣ мекунад; (2) муҳтавое, ки аз ҷониби содиркунандаи чунин ҳамлаҳо эҷод шудааст ва ба ин ҳамлаҳо марбут аст; ё (3) тасвирҳои тарафи сеюм, ки лаҳзаи анҷом ёфтани чунин ҳамлаҳо ба ҷабрдидагони дар ин тасвирҳо намоёнро тасвир мекунанд, иҷозат намедиҳем.
Мо инчунин ба ситоиш, дастгирӣ ё намояндагии идеологияҳои нафратангези таъиншуда ва истинодҳои норавшан ба онҳо иҷозат намедиҳем.
Ташкилотҳои террористӣ ва террористон ҳамчун субъектҳои ғайридавлатӣ муайян карда мешаванд, ки:
- Дар амалҳои мақсаднок ва банақшагирифтаи зӯроварӣ иштирок мекунанд, онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд ё ба онҳо дастгирии моддӣ пешниҳод мекунанд;
- Ба куштор, ҷароҳат бардоштан ё зарари вазнин дидани шаҳрвандон ё ҳар гуна шахси дигар, ки иштирокчиёни бевоситаи амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳолати низои мусаллаҳона нестанд, боис мешаванд ё кӯшиши онро мекунанд ва/ё боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба амволе мешаванд, ки сабаби марг, ҷароҳати вазнин ё зарари ҷиддӣ дидани шаҳрвандон мегардад;
- Бо нияти маҷбур кардан, тарсондан ва/ё таъсир расондан ба аҳолии шаҳрвандӣ, ҳукумат ё ташкилоти байналмилалӣ амал мекунанд;
- Ба хотири ноил шудан ба мақсади сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ амал мекунанд.
Субъекти барангезандаи нафрат ҳамчун ташкилот ё шахсе муайян карда мешавад, ки дар асоси хусусиятҳои муҳофизатшудаи дигарон нафрат бармеангезад ва онро паҳн мекунад. Фаъолияти ин гуна ниҳод ҳадди ақал бо баъзе аз рафторҳои зерин тавсиф карда мешавад:
- Зӯроварӣ, суханони таҳдидомез ё шаклҳои хатарноки таъқиби одамон дар асоси хусусиятҳое, ки муҳофизат карда мешаванд;
- Истифодаи батакрори сухани нафратомез;
- Намояндагии идеологияҳои нафратангез ё дигар субъектҳои таъиншудаи нафратангез ва/ё
- Ситоиш ё дастгирии субъектҳои барангезандаи нафрат ё идеологияҳои нафратангези таъиншудаи дигар.
Ташкилотҳои ҷиноятӣ ҳамчун иттиҳоди се нафар ё бештар аз он муайян карда мешавад, ки:
- зери ном, ранг(ҳо), имову ишора(ҳо)и даст ё аломатҳои шинохташаванда муттаҳид шудаанд; ва
- таҳдиди иштирок дар фаъолияти ҷиноятӣ, монанди куштор, қочоқи маводи мухаддир ё одамрабоиро мекунад ё иштирок кардааст.
Зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор ва кушторҳои силсилавӣ
- Мо рӯйдодеро ҳамчун рӯйдоди зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор ё кӯшиши зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор мешуморем, агар дар натиҷаи он се ё бештар қурбонӣ дар як воқеа, ки маънии марг ё ҷароҳатҳои вазнинро дорад, мавҷуд бошад. Ҳар шахси алоҳидае, ки чунин ҳамларо содир кардааст, ҳамчун ҷинояткори зӯроварӣ бо қурбониёни сершумор ё ҷинояткоре, ки кӯшиши ин зӯровариро кардааст, ба ҳисоб меравад.
- Мо ҳар шахси алоҳидаеро, ки ду ё зиёда кушторро дар якчанд воқеа ё макон содир кардааст, қотили силсилавӣ мешуморем.
Идеологияҳои нафратангез
- Ҳарчанд мо ҳангоми таъиноти ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ба рафтор таваҷҷуҳ мекунем, инчунин эътироф менамоем, ки идеологияҳо ва ақидаҳои муайян вуҷуд доранд, ки табиатан ба зӯроварӣ ва кӯшишҳои ҷамъ овардани одамон дар атрофи даъват ба зӯроварӣ ё истисно кардани дигарон аз рӯи хусусиятҳои муҳофизатшуда алоқаманд мебошанд. Дар ин ҳолатҳо мо худи идеологияро таъин мекунем ва аз платформаи худ муҳтавоеро, ки ин идеологияро дастгирӣ менамояд, нест мекунем. Ин идеологияҳо инҳоро дар бар мегиранд:
- Натсизм
- Бартарии сафедпӯстон
- Миллатгароии сафедпӯстон
- Ҷудоихоҳии сафедпӯстон
- Мо муҳтавои марбут ба ситоиш, дастгирӣ ва намояндагии ошкори ин идеологияҳоро нест мекунем, инчунин шахсон ва ташкилотҳои мансуб ба як ё якчанд аз ин идеологияҳои нафратангезро хориҷ мекунем.
Сатҳи 2: Субъектҳои ғайридавлатие, ки ба зӯроварӣ даст мезананд ва Субъектҳое, ки ба зӯроварӣ таҳрик мекунанд
Ба ташкилотҳо ва шахсоне, ки аз ҷониби Meta ҳамчун Субъектҳои ғайридавлатие, ки ба зӯроварӣ даст мезананд ё Субъектҳое, ки ба зӯроварӣ таҳрик мекунанд, таъин карда шудаанд, иҷозат дода намешавад, ки дар платформаҳои мо шахсан ҳузур дошта бошанд ё ҳузур тавассути корбарони дигаре дошта бошанд, ки аз номи онҳо амал мекунанд. Азбаски ин ҷомеаҳо фаъолона ба зӯроварӣ нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ ё низомӣ дар контексти низоъҳои мусаллаҳона даст мезананд (Субъектҳои ғайридавлатие, ки ба зӯроварӣ даст мезананд) ё шароитҳоро барои зӯроварии оянда омода мекунанд ё ҷонибдорӣ мекунанд ё эҷод мекунанд (Субъектҳое, ки ба зӯроварӣ таҳрик мекунанд), ба дастгирии моддии ин субъектҳо иҷозат дода намешавад. Мо инчунин ситоиши ин ниҳодҳоро нест мекунем.
Субъектҳои ғайридавлатие, ки ба зӯроварӣ даст мезананд ҳамчун ҳама гуна субъекти ғайридавлатӣ муайян карда мешавад, ки:
- Ба амалҳои мақсаднок ва банақшагирифташудаи зӯроварии шадид даст мезанад, ки ҳукумат, қувваҳои мусаллаҳ ё гурӯҳҳои мусаллаҳи дигарро, ки бевосита дар мухолифат дар вазъияти низои мусаллаҳона иштирок мекунанд, мавриди ҳадаф қарор медиҳад ва қасдан ва ошкоро шахсони ғайринизомиро мавриди ҳадаф қарор намедиҳад; ВА/Ё
- Ҷомеаҳоро аз дастрасӣ ба инфрасохтори муҳим ё захираҳои табиӣ маҳрум мекунад; ВА/Ё
- Ба силсилаи ҳамлаҳо бо мақсади осеб расонидан ба инфрасохтор даст мезанад, ки бо марг, ҷароҳати ҷиддӣ ё зиёни ҷиддӣ ба ғайринизомиён алоқаманд нест.
Субъектҳое, ки ба зӯроварӣ таҳрик мекунанд чунин муайян карда мешаванд:
Субъекте, ки ба зӯроварӣ таҳрик мекунад (Умумӣ) субъекти ғайридавлатие мебошад, ки:
- Аслиҳаро дар доираи омӯзиш, муошират ё ҳузури худ истифода мебарад; ва ҳамчун қувваҳои ҳарбӣ ё амниятии ғайрирасмӣ ташкил шудааст ё амал мекунад; ВА
- Омодагӣ ба зӯроварии байни ҷомеа ё ҷанги шаҳрвандиро ҳамоҳанг мекунад; Ё
- Зӯроварӣ бар зидди шахсони расмии давлатӣ ё қатъи хушунатомези рӯйдодҳои шаҳрвандиро ҷонибдорӣ мекунад; Ё
- Ба дуздӣ, вандализм, ғоратгарӣ ё зиёни дигар ба амвол даст мезанад; Ё
- Ба зӯроварии дорои шиддати миёна дар рӯйдодҳои шаҳрвандӣ даст мезанад; Ё
- Овардани аслиҳаро ба ҷое бо нияти изҳоршудаи тарсонидани одамон ҳангоми эътироз ташвиқ мекунад.
Шабакаи дасисаи ба зӯроварӣ таҳриккунанда ҳамчун субъекти ғайридавлатӣ муайян карда мешавад, ки:
- Аз рӯи ном, баёнияи рисолат, аломат ё таркиби луғавии муштарак муайян карда мешавад; ВА
- Назарияҳои беасосеро ташвиқ мекунад, ки мекӯшанд сабабҳои аслии мушкилот, рӯйдодҳо ва шароити назарраси иҷтимоӣ ва сиёсиро бо иддао оид ба нақшаҳои махфии ду ё зиёда субъектҳои абарқудрат шарҳ диҳанд; ВА
- Ба таври возеҳ намунаи зарари ҷисмонии офлайн аз ҷониби тарафдоронеро, ки ҳавасманд ба ҷалби таваҷҷуҳ ё ҷуброн кардани зарари эҳтимолие мебошанд, ки дар назарияҳои беасоси аз ҷониби шабакаи онҳо ташвиқшаванда муайян карда шудааст, ҷонибдорӣ мекунад ё бевосита бо онҳо алоқаманд аст.
Ниҳоди барои густариши нафрат манъшуда субъекти ғайридавлатие мебошад, ки:
- Батакрор ба рафтори нафратангез даст мезанад ё изҳороти нафратангез мекунад, вале то ба Сатҳи 1 намерасад, зеро он ба амали зӯроварӣ даст назадааст ё онро ошкоро ҷонибдорӣ накардааст ё он бо ташкилотҳо ё шахсони қаблан таъиншуда робитаи кофӣ надорад.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
- Дар мавридҳои муайян мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки дар ҳолатҳои дигар метавонад ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат кунад, агар муқаррар карда шавад, ки ин муҳтаво ҳазломез аст. Ба муҳтаво танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки унсурҳои вайронкунандаи он ба услуби ҳазломез ифода ёфта бошанд ё ба ягон чиз ё ягон каси дигар бо мақсади масхара ё танқиди ӯ рабт дода шаванд.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Иттилоот
Гузориши охирин дар бораи татбиқи Стандартҳои ҷомеаро аз назар гузаронед
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба шахсон ва ташкилотҳои хатарнок
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ