Истисмори ҷинсӣ, озор ва бараҳнагии кӯдакон

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Мо ба муҳтаво ё фаъолияте иҷозат намедиҳем, ки ба истисмори ҷинсии кӯдакон рабт дорад ё онҳоро таҳти чунин хатар қарор медиҳад. Вақте ки мо аз истисмори ошкори кӯдакон огоҳ мешавем, тибқи қонунҳои амалкунанда ба Маркази миллӣ оид ба масъалаҳои кӯдакони нопадидшуда ва истисморшуда (NCMEC) гузориш медиҳем. Мо медонем, ки баъзан одамон тасвирҳои кӯдакони бараҳнаи худро бо ниятҳои хуб мубодила мекунанд; лекин, мо одатан, чунин тасвирҳоро бино бар эҳтимоли сӯиистифода аз ҷониби дигарон, инчунин барои пешгирии истифодаи такрорӣ ё ба таври ғайриқонунӣ соҳибӣ кардани ин тасвирҳо аз ҷониби дигарон нест мекунем.
Мо инчунин бо коршиносони берунӣ, аз ҷумла Шӯрои машваратии Meta оид ба бехатарӣ ҳамкорӣ мекунем, то сиёсатҳои худ оид ба масъалаҳои бехатарӣ, махсусан дар мавриди кӯдакон ва иҷрои онҳоро муҳокима кунем ва такмил диҳем. Дар бораи технологияҳое, ки мо барои мубориза бо истисмори кӯдакон истифода мебарем, маълумоти бештар гиред.
Инҳоро пост накунед:
Истисмори ҷинсии кӯдакон
Муҳтаво, фаъолият ё робитаҳои мутақобиле, ки дар онҳо таҳдиди истисмори ҷинсии кӯдакон карда мешавад, истисмори ҷинсии кӯдакон тасвир, ситоиш ва дастгирӣ мешавад, барои он дастурҳо пешниҳод мегарданд, изҳороти нияти истисмори ҷинсии кӯдакон карда мешавад, ба иштирок дар истисмори ҷинсии кӯдакон иқрор карда мешавад ё дар онҳо пайвандҳои марбут ба истисмори ҷинсии кӯдакон (аз ҷумла ноболиғон, кӯдакони хурдсол ё тифлони воқеӣ ва ё тасвирҳои ғайривоқеии шабеҳи инсон, монанди асари санъат, муҳтавои аз ҷониби ЗС эҷодшуда, қаҳрамонҳои бадеӣ, лӯхтакҳо ва ғайра) мубодила карда мешавад. Чунин муҳтаво мавридҳои зеринро дар бар мегирад, вале бо ин маҳдуд намешавад:
  • Алоқаи ҷинсӣ
    • Алоқаи ҷинсӣ ё алоқаи ҷинсии даҳонии ошкор, ки ҳамчун вуруд ё тамоси узвҳои таносул ё даҳон бо узвҳои таносул ё мақъади шахси дигар муайян карда мешавад, вақте ки ҳадди ақал узвҳои таносули як нафар бараҳна аст.
    • Алоқаи ҷинсӣ ё алоқаи ҷинсии даҳонии дарназардошта, аз ҷумла вақте тамос ногузир аст ё бевосита намоён нест.
    • Ангезиши узвҳои таносул ё мақъад, аз ҷумла вақте фаъолият ногузир аст ё бевосита намоён нест.
    • Ҳар мавриди дар боло зикршуда бо иштироки ҳайвон.
  • Кӯдакон бо унсурҳои контексти ҷинсӣ, аз ҷумла, вале бо ҳолатҳои зерин маҳдуд намешавад:
    • Лавозимоти маҳдудкунандаи ҳаракат
    • Нишонаҳои барангезиш
    • Тамаркуз ба узвҳои таносул ё мақъад
    • Ҳузури калонсоли барангехта
    • Ҳузури бозичаҳои шаҳвонӣ ё истифодаи ашё барои ангезиши шаҳвонӣ, лаззат ё озори ҷинсӣ
    • Либоси шаҳватбарангез
    • Либоскашӣ
    • Муҳити саҳнавӣ (масалан, дар рахти хоб) ё ба таври касбӣ аксбардоришуда (сифат/таваҷҷуҳ/кунҷҳо)
    • Бӯсидан бо даҳони кушода
    • Ангезиши нӯги синаҳои инсон ё фишурдани синаи зан (БА ҒАЙР АЗ контекстҳои синамаконӣ)
    • Мавҷудияти маҳсулоти изофӣ барои фаъолияти ҷинсӣ
  • Муҳтавои шомили кӯдакон дар контексти фетиши шаҳвонӣ
  • Муҳтавое, ки иштирок дар педофилияро дастгирӣ, ташвиқ, ҷонибдорӣ ё ба он ҳавасманд мекунад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки он дар контексти тандурустӣ бетарафона муҳокима шуда бошад
  • Муҳтавое, ки дар он қурбониёни тахминии истисмори ҷинсии кӯдакон бо ном ё тасвир муайян ё масхара карда мешаванд
Талаб
Муҳтавое, ки он эҷоди муҳтаво ё анҷоми фаъолияти ҷинсӣ бо иштироки кӯдаконро талаб ё тасвир мекунад, чунин муайян карда мешавад:
  • Мавод дар бораи озори ҷинсии кӯдакон (CSAM)
  • Тасвирҳои бараҳнаи кӯдакони воқеӣ ё тахайюлӣ
  • Тасвирҳои шаҳватбарангези кӯдакони воқеӣ ё тахайюлӣ
Таомулҳои номуносиб бо кӯдакон
Муҳтавое, ки аз таомули номуносиб бо кӯдакон иборат аст ё ба он мусоидат мекунад, монанди:
  • Талаб намудан, ташкил кардан ё ба нақша гирифтани тамосҳои ҷинсӣ бо кӯдакон
  • Ҷалб намудани кӯдакон ба фаъолияти ҷинсӣ тавассути гуфтугӯҳои ҷинсӣ ё пешниҳод намудан, намоиш додани маводи ҷинсӣ ба кӯдакон ё ба даст овардан ё дархост кардани ин гуна мавод аз кӯдакон, тавассути намоиши барқасди он ё дар паёмҳои хусусӣ
  • Оғоз кардани суҳбатҳои шаҳватангези зимнӣ ҳангоми мубодилаи паёмҳои шахсӣ бо кӯдакон
  • Дар паёмҳои шахсӣ аз кӯдакон гирифтан ё дархост кардани маводи шаҳвонӣ
Тасвири маҳрамонаи истисморомез ва таҳдиди шаҳвонӣ
Муҳтавое, ки дар он бо роҳҳои зерин кӯшиши истисмори кӯдакони воқеӣ карда мешавад:
  • Маҷбуран ситонидани пул, хизматҳо ё тасвири маҳрамона бо таҳдиди фош кардани маълумот ё тасвирҳои маҳрамонаи воқеӣ ё ғайривоқеӣ
  • Мубодила, таҳдид кардан ё изҳори ният ба мубодила кардани суҳбатҳои шаҳвонии хусусӣ ё тасвирҳои маҳрамонаи воқеӣ ё ғайривоқеӣ
Шаҳватангез кардани кӯдакон
  • Муҳтавое (аз ҷумла суратҳо, видеоҳо, осори санъати воқеӣ, муҳтавои рақамӣ ва тасвири шифоҳӣ), ки кӯдакони воқеӣ ё ғайривоқеиро шаҳватангез мекунад
  • Гурӯҳҳо, саҳифаҳо ва профилҳое, ки ба шаҳватангез кардани кӯдакони воқеӣ ё ғайривоқеӣ бахшида шудаанд
Бараҳнагии кӯдакон
Муҳтавое, ки дар он бараҳнагии кӯдакони воқеӣ ё ғайривоқеӣ тасвир мешавад, ки бараҳнагӣ ҳамчун ҳолатҳои зерин муайян карда шудааст:
  • Аксҳои аз наздик гирифташудаи узвҳои таносули кӯдакони воқеӣ ё ғайривоқеӣ
  • Тасвири кӯдакони хурдсоли воқеӣ ё ғайривоқеии бараҳна, ки ин узвҳояшон намоиш меёбад:
    • Узвҳои таносули намоён, ҳатто вақте бо либоси шаффоф пӯшонида ё ноаён карда шуда бошанд
    • Мақъади намоён ва/ё аксҳои аз наздик гирифташудаи суринҳои комилан бараҳна
  • Тасвири ноболиғони воқеӣ ё ғайривоқеии бараҳна, ки ин узвҳояшон намоиш меёбад:
    • Узвҳои таносули намоён (аз ҷумла узвҳои таносуле, ки танҳо бо мӯйи зери ноф ё либоси шаффоф пӯшонида шудаанд).
    • Мақъади намоён ва/ё аксҳои аз наздик гирифташудаи суринҳои комилан бараҳна
    • Нӯги синаҳои занон, ки пӯшонида нашудааст
    • Аз гардан то зону бараҳна, ҳатто агар узвҳои таносул ё нӯги синаҳои занон намоён набошанд
  • Ба ҷуз ҳолатҳое, ки тасвирҳои ғайривоқеӣ барои мақсадҳои тандурустӣ пешбинӣ шудаанд ё тасвири ғайриҷинсии бараҳнагии кӯдакон дар ҷаҳони воқеӣ бошад
Озори ғайриҷинсии кӯдакон
Видеоҳо ё суратҳое, ки дар он новобаста ба нияти мубодила, озори ғайриҷинсии воқеӣ ё ғайривоқеии кӯдакон тасвир шудааст, ба ҷуз ҳолатҳое, ки тасвир аз асарҳои санъати ҷаҳони воқеӣ, филмҳои аниматсионӣ, филмҳо ё бозиҳои видеоӣ гирифта шуда бошад
Муҳтавое, ки дар он озори ғайриҷинсии кӯдакон ситоиш, дастгирӣ, ташвиқ ва ҷонибдорӣ мешавад, барои ин амал дастурҳо пешниҳод менамояд ё ба иштирок дар озордиҳӣ ҳавасманд мекунад
Бозбиникунандагон ва системаҳои худкори мо илова бар нест кардани ҳисобҳое, ки сиёсатҳои мо оид ба Истисмори ҷинсӣ, озор ва бараҳнагии кӯдаконро (CSEAN) вайрон мекунанд, доираи васеи сигналҳоро барои пешгирӣ кардани таомулҳои эҳтимолан номатлуб ё хатарнок ба назар мегиранд.
  • Мо метавонем ҳисобҳоро нест кунем ё дастрасии калонсолонро ба маҳсулот ва хусусиятҳо (масалан, имконияти пайравӣ кардани ҳисобҳои муайян) дар асоси таомули онҳо бо ҳисобҳои дигар, ҷустуҷӯҳо ё таомулҳои онҳо бо муҳтавои вайронкунанда (яъне гузоштани ишораи "маъқул" ё ҳифз кардан) ё узвият дар ҷомеаҳое (масалан, Гурӯҳҳо), ки онҳоро барои вайрон кардани сиёсатҳои мо нест кардаем, маҳдуд намоем.
Мо дар муҳтавои зерин экрани огоҳкунанда илова мекунем, то одамон огоҳӣ ёбанд, ки ин муҳтаво метавонад ташвишовар бошад ва имконияти дида шудани онро танҳо ба калонсолони ҳаждаҳсола ва калонтар маҳдуд менамоем:
  • Видео ё суратҳое, ки афсарони полис ё низомиёнро ҳангоми содир кардани озори ғайриҷинсии кӯдакон тасвир мекунанд
  • Видеоҳо ё суратҳои озори ғайриҷинсии кӯдакон, вақте ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти муҳофизати кӯдакон ё шарикони боътимод оид ба таъмини бехатарӣ аз мо дархост мекунанд, ки муҳтаворо дар платформа бо мақсади возеҳи баргардонидани кӯдак ба муҳити бехатар нигоҳ дорем
Дар муҳтавои зерин мо экрани огоҳкунанда илова мекунем, то одамон огоҳ шаванд, ки муҳтаво метавонад боиси андуҳи баъзеҳо шавад:
  • Видеоҳо ё суратҳои ба таври хушунатомез ғарқ кардани кӯдак дар об дар контексти урфу одатҳои динӣ
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Дар муҳтавои зерин мо аломати огоҳкунанда илова мекунем, то одамон огоҳӣ ёбанд, ки муҳтаво метавонад ҳассос бошад:
  • Тасвирҳое, ки аз тарафи оҷонсии иттилоотӣ нашр шудааст ва дар он бараҳнагии кӯдак дар контексти қаҳтӣ, наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ё ҷиноятҳо бар зидди башарият тасвир шудааст, ба ҷуз ҳолатҳое, ки ба тасвир матни зернависи вайронкунандаи қоидаҳо илова шуда бошад ё дар контексти вайронкунандаи қоидаҳо мубодила шуда бошад, ки дар ин ҳолатҳо муҳтаво нест карда мешавад
Мо метавонем тасвирҳоеро, ки оқибатҳои озори ғайриҷинсии кӯдаконро тасвир мекунанд, нест кунем, ки онҳо аз ҷониби шарикони расонаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ё дигар шарикони боэътимод оид ба таъмини бехатарӣ гузориш ёфтаанд.
Мо метавонем муҳтавоеро, ки дар он қурбониёни эҳтимолии истисмори ҷинсии кӯдакон тавассути василаҳои дигар ба ҷуз ном ё тасвир муайян карда мешаванд, нест кунем, агар он муҳтаво маълумотеро дар бар гирад, ки бо эҳтимоли зиёд боиси муайян шудани шахс мегардад.
Мо метавонем муҳтавоеро нест кунем, ки бо мақсади муайян кардани шахсияти ноболиғ эҷод шудааст, агар дар он хавфи бехатарии ноболиғ ҷой дошта бошад ва нест кардани он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳукумат, шарики муътамад ё дар сурати мустақилона гузориш додани муҳтаво, аз ҷониби ноболиғ ё волид/сарпарасти қонунии ноболиғ дархост шуда бошад.
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Иттилоот
Гузориши охирин дар бораи татбиқи Стандартҳои ҷомеаро аз назар гузаронед
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба истисмори ҷинсӣ, озор ва бараҳнагии кӯдакон
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ