Таҳқиру азият ва таъқиб

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Таҳқиру азият ва таъқиб дар бисёр ҷойҳо ба вуқӯъ меояд ва дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешавад: аз таҳдидкунӣ ва ифшои маълумоти муайнкунандаи шахсият то фиристодани паёмҳои таҳдидомез ва тамоси номатлуби зиёновар. Мо ин гуна рафторро таҳаммул намекунем, зеро он намегузорад, ки одамон худро дар Facebook, Instagram ва Threads бехатар ва сазовори эҳтиром ҳис кунанд.
Мо байни шахсони маъруф ва шахсони хусусӣ фарқият мегузорем, зеро мехоҳем ба муҳокима иҷозат диҳем, ки аксар вақт шарҳҳои интиқодиро дар бораи шахсони дар ахбор зикршуда ё дорои доираи васеи бинандагон дар бар мегирад. Дар мавриди шахсони маъруф мо ҳамлаҳои шадид, инчунин баъзе ҳамлаҳоеро, ки дар онҳо ба шахси маъруф бевосита дар пост ё шарҳ барчасп гузошта шудааст, нест мекунем. Мо шахсони маъруфро ҳамчун шахсони расмии давлатии сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, номзадҳои сиёсӣ ба ин вазифаҳо, одамони дорои зиёда аз як миллион мухлис ё пайравикунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва онҳое, ки дар ахбор ба таври назаррас фаро гирифта мешаванд, муайян мекунем.
Дар мавриди шахсони хусусӣ муҳофизати мо фаротар меравад: мо муҳтавоеро нест мекунем, ки ба паст задани шаъну эътибор ва шарманда кардан, аз ҷумла, масалан, даъвоҳо дар бораи фаъолияти ҷинсии касе равона шудаанд. Мо дарк менамоем, ки таҳқиру азият ва таъқиб ба ноболиғон бештар таъсири эҳсосӣ мерасонад, аз ин рӯ сиёсатҳои мо барои ҳар шахси синнаш то 18-сола, новобаста ба ҳолати корбар дараҷаи баландтари муҳофизатро фароҳам менамоянд.
Контекст ва нияти муҳтаво муҳим аст ва мо ба одамон иҷозати пост ва мубодила кардани муҳтаворо медиҳем, агар возеҳ бошад, ки дар он чизе бо мақсади маҳкум кардан ё ҷалби таваҷҷуҳ ба таҳқиру азият ва таъқиб мубодила шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо мо талаб мекунем, ки худи одамон гузориш диҳанд, зеро бо ин роҳ мо мефаҳмем, ки шахси мавриди ҳадаф қароргирифта таҳқиру азият ва таъқибро эҳсос мекунад. Илова бар гузоришдиҳӣ дар бораи чунин рафтор ва муҳтаво, мо одамонро даъват мекунем, ки барои муҳофизат аз ин рафтор абзорҳои дар платформаҳои мо дастрасро истифода баранд.
Мо инчунин Маркази пешгирии таҳқиру азият дорем. Он манбаъ барои наврасон, волидайн ва омӯзгороне аст, ки дар мавриди масъалаҳои марбут ба таҳқиру азият ва муноқишаҳои дигар ҷӯёи дастгирӣ ҳастанд. Он дастурҳои марҳилаӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи аҳамияти оғоз кардани гуфтугӯ дар бораи таҳқиру азиятро пешкаш мекунад. Дар бораи кору фаъолияти мо барои муҳофизати одамон аз таҳқиру азият ва таъқиб дар ин ҷо маълумоти бештар гиред.
Эзоҳ: Ин сиёсат ба шахсоне, ки узви ташкилотҳои таъйиншуда тибқи Сиёсат оид ба шахсон ва ташкилотҳои хатарнок мебошанд ё шахсоне, ки пеш аз соли 1900 фавтидаанд, татбиқ намешавад.
Сатҳи 1: Муҳофизати умумӣ барои ҳама:
  • Ҳар кас дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешавад:
    • Тамоси номатлуб, ки:
      • Такроршаванда аст Ё
      • Таъқиби ҷинсӣ аст Ё
      • ба гурӯҳи калони одамон бе дархости қаблии онҳо равона карда шудааст.
    • Даъватҳо ба осебрасонӣ ба худ ё худкушии ягон шахс ё гурӯҳи мушаххаси одамон.
    • Ҳамлаҳо, ки ба таҷрибаи одамон ҳамчун ҷабрдидаи ҳамлаи ҷинсӣ, истисмори ҷинсӣ, таъқиби ҷинсӣ ё озори хонагӣ асос ёфтааст.
    • Изҳорот дар бораи нияти анҷом додани фаъолияти ҷинсӣ ё ҷонибдории иштирок дар фаъолияти ҷинсӣ.
    • Шарҳи шадиди шаҳватбарангез.
    • Тасвир ё суратҳои фотошопшудаи таҳқиромези шаҳватбарангез.
    • Ҳамла кардан ба кас бо истифодаи алфози пастзанандаи марбут ба фаъолияти ҷинсӣ (масалан: қанчиқ, фоҳиша).
    • Муҳтавое, ки дар он рӯй надодани фоҷиаи зӯроварӣ даъво карда мешавад.
    • Даъвоҳо оид ба он, ки шахсони алоҳида дар бораи ҷабрдидаи фоҷиаи зӯроварӣ ё ҳамлаи террористӣ будани худ дурӯғ мегӯянд, аз ҷумла даъвоҳо дар бораи он ки онҳо:
      • Ҳамчун ҷабрдидаи ягон рӯйдоди мушаххас амал мекунанд ё худро чунин вонамуд мекунанд ё
      • Барои гумроҳ кардани одамон дар бораи нақши худ дар ин рӯйдод пардохт мегиранд ё киро шудаанд.
  • Таҳдиди ифшои рақами телефон, суроғаи ҷои истиқомат, почтаи электронӣ ё сабтҳои тиббии шахсӣ (тавре ки дар Сиёсати вайронкунии махфият) муайян карда шудааст.
  • Даъват ба таҳқиру азият ва/ё таъқиб ё изҳори нияти иштирок дар чунин амалҳо.
  • Муҳтавое, ки боиси таҳқир ё нафрати бештар нисбат ба одамоне мешавад, ки дар ҷараёни ҳайз, пешобкунӣ, қайкунӣ ё қазои ҳоҷат ё фавран пас аз он тасвир шудаанд.
  • Ҳама дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд, аммо шахсони маъруфи калонсол бояд махсусан дучори ин мавридҳо шуда бошанд:
    • Даъватҳо ба марг ё изҳороти сироят ёфтан ё гирифтор шудан ба беморӣ.
    • Ситоиш ё масхараи марг ё хуруҷи беморӣ.
    • Даъвоҳо дар бораи бемориҳои сироятие, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбанд.
    • Изҳороти пастзанӣ дар робита бо намуди зоҳирии ҷисмонӣ.
Сатҳи 2: Муҳофизатҳои иловагӣ барои ҳамаи ноболиғон, шахсони хусусии калонсол ё доираи маҳдуди шахсони маъруф (масалан, шахсоне, ки шуҳрати асосии онҳо бо фаъолият, рӯзноманигорӣ маҳдуд аст ё онҳое, ки ғайри ихтиёри худ маъруф шудаанд):
  • Илова бар муҳофизати умумӣ барои ҳама ҳамаи ноболиғон (шахсони хусусӣ ва шахсони маъруф), шахсони хусусии калонсол ва доираи маҳдуди шахсони маъруф дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд:
    • Даъвоҳо дар бораи фаъолияти ҷинсӣ, ба истиснои контексти иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи калонсолон (расиши шаҳвонӣ бидуни ризоят).
    • Муҳтавое, ки шаҳвати калонсоли дигарро бармеангезад (барангехтани шаҳвати ноболиғон дар Сиёсат оид ба истисмори ҷинсӣ, озор ва бараҳнагии кӯдакон) фаро гирифта шудаааст.
  • Ҳамаи ноболиғон (шахсони хусусӣ ва шахсони маъруф), шахсони хусусии калонсол ва доираи маҳдуди шахсони маъруф дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд, ба истиснои шахсони маъруфи ноболиғ, ки онҳо бояд махсусан дучори мавридҳои зерин шуда бошанд:
    • Муқоисаи таҳқиромез (дар шакли хаттӣ ё аёнӣ) бо:
      • Ҳайвонот ва ҳашарот, аз ҷумла махлуқоти аз инсон пасттар, ки аз ҷиҳати фарҳангӣ ҳақир ба шумор мераванд.
      • Бактерияҳо, вирусҳо, микробҳо ва бемориҳо.
      • Ашёи беҷон, аз ҷумла ахлот, ифлосӣ, наҷосат.
  • Муҳтавое, ки он бо мақсади барҷаста кардан, бо давра ҷудо кардан ё бо роҳи дигар ба таври манфӣ ҷалб намудани диққат ба хусусиятҳои ҷисмонии мушаххас (бинӣ, гӯш ва ғ.) таҳрир карда шудааст.
  • Муҳтавое, ки онҳоро аз рӯи намуди зоҳирӣ ё нишонаҳои хислат гурӯҳбандӣ мекунад.
  • Муҳтавое, ки дар он шаъни одамоне, ки ҷисман таҳқиршуда тасвир шудаанд, паст зада мешавад (ба истиснои контекстҳои муҳориба ва варзишӣ).
Сатҳи 3: Муҳофизатҳои иловагӣ барои шахсони хусусии ноболиғ, шахсони хусусии калонсол ва шахсони ноболиғи ғайри ихтиёри худ маъруфшуда:
  • Илова бар тамоми муҳофизатҳои дар боло номбаршуда ҳама шахсони хусусии ноболиғ, шахсони хусусии болиғ (ки бояд худи онҳо дар ин бора гузориш диҳанд) ва шахсони ноболиғи ғайри ихтиёри худ маъруфшуда дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд:
    • Дашноми шахси мушаххас.
    • Даъвоҳо дар бораи муносибати ошиқона, гароиши ҷинсӣ ё ҳувияти гендерӣ.
    • Даъватҳо ба амал, изҳороти ният, изҳороти таҳриккунанда ё шартӣ, ё изҳороте, ки истисноро ҷонибдорӣ ё дастгирӣ менамоянд.
    • Даъвоҳо дар бораи хислат ё қобилияти манфӣ, ба истиснои дар контексти иттиҳомоти ҷиноӣ ва бозбиниҳои корӣ нисбат ба калонсолон.
    • Ифодаҳои бадбинӣ, нафрат ё муҳтавое, ки мавҷудияти шахси алоҳидаро инкор мекунад, ба истиснои дар контексти иттиҳомоти ҷиноӣ нисбат ба калонсолон.
  • Агар худи шахсони хусусии ноболиғ, шахсони хусусии калонсол ва шахсони ноболиғи ғайри ихтиёри худ маъруфшуда гузориш диҳанд, онҳо дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд:
    • Таҳқиру азият дар ҳаққи худ.
    • Тасвири таҳриршудаи номатлуб.
    • Муқоиса бо дигар шахсони маъруф, тахайюлӣ ё хусусӣ дар асоси намуди зоҳирии ҷисмонӣ.
    • Даъвоҳо дар бораи ҳувияти динӣ ё куфр.
    • Муқоисаҳо бо ҳайвонот ё ҳашароте, ки мувофиқи фарҳанг аз лиҳози ақл ва ҷисм пасттар қабул карда намешаванд ("паланг", "шер").
    • Тавсифоти ҷисмонии бетараф ё мусбат.
    • Даъвоҳои ғайриманфӣ оид ба хислат ё қобилият.
    • Ҳамлаҳо тавассути истилоҳҳои таҳқиромез, ки ба набудани фаъолияти ҷинсӣ марбутанд.
Сатҳи 4: Муҳофизатҳои иловагӣ танҳо барои шахсони хусусии ноболиғ:
  • Тибқи сиёсати мо ноболиғон беш аз ҳама муҳофизат мешаванд. Илова бар тамоми муҳофизатҳои дар боло номбаршуда ҳама шахсони хусусии ноболиғ дар мавридҳои зерин муҳофизат карда мешаванд:
    • Иттиҳомот дар бораи рафтори ҷиноятӣ ё ғайриқонунӣ.
    • Видеои таҳқиру азияти ҷисмонии ноболиғон, ки дар ҳама гуна контекст мубодила шудааст.
    • Ибороти таҳқиромези марбут ба дашноми зан.
Таҳқиру азият ва таъқиб дар саҳифаҳо, гурӯҳҳо, рӯйдодҳо ва паёмҳо
  • Муҳофизатҳои Сатҳи 1 то 4 инчунин дар мавриди саҳифаҳо, гурӯҳҳо, рӯйдодҳо ва паёмҳо татбиқ мешаванд.
Мо барои таъмини риояи Стандартҳои ҷомеаи зерин маълумот ва/ё контексти иловагӣ талаб мекунем:
Анҷом додани корҳои зерин манъ аст:
  • Пост кардани муҳтавое, ки дар он шахсони хусусӣ тавассути саҳифаҳо, гурӯҳҳо ва рӯйдодҳои номатлуб мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Мо ин муҳтаворо вақте нест мекунем, ки ҳадаф ё намояндаи ваколатдори ҳадаф дар бораи он гузориш медиҳад.
  • Пост кардани муҳтавои дар боло зикршуда, ки ба тариқи дигар аз ҳадаф гузориш додани онро тақозо менамояд ё вақте ки дар муҳтаво нишонаи мустақиман мавриди ҳадаф қарор додани ҳадаф аз ҷониби посткунанда мавҷуд аст (масалан: ба ҳадаф дар пост ё шарҳ барчасп гузошта шудааст). Мо ин муҳтаворо нест мекунем, агар аз ҳадаф ё намояндаи ваколатдори ҳадаф (дар қайди ҳаёт ё марҳум) тасдиқи номатлуб будани муҳтаворо гирем.
  • Пост кардани муҳтавое, ки дар он даъват ё нияти иштирок дар рафторе изҳор шудааст, ки мувофиқи сиёсатҳои мо ҳамчун таҳқиру азият ва таъқиб маҳсуб мешавад. Мо ин муҳтаворо дар сурате нест мекунем, ки аз ҳадаф ё намояндаи ваколатдори ҳадаф тасдиқи номатлуб будани муҳтаворо гирем.
  • Нашр кардани муҳтавое, ки дар он шахси маъруф шаҳватбарангез шудааст. Мо ин муҳтаворо дар сурате нест мекунем, ки аз ҳадаф ё намояндаи ваколатдори ҳадаф тасдиқи номатлуб будани муҳтаворо гирем.
  • Шуруъ кардан ба тамосе, ки шахси қабулкунандаро мавриди таъқиби ҷинсӣ қарор медиҳад. Мо ҳама гуна муҳтавои дар контексти номатлуб мубодилашударо нест хоҳем кард, вақте ки аз қабулкунанда ё намояндаи ваколатдори қабулкунанда тасдиқи номатлуб будани онро мегирем.
  • Мо таъқиби оммавии равонашударо нест мекунем, ҳангоме ки:
    • "Шахсони таҳти хатари баланди зарар дар дунёи воқеӣ" тавассути ҳар гуна платформа мавриди ҳадаф қарор мегирандю Ин шахсон чунин муайян карда шудаанд:
      • Ҳомиёни ҳуқуқи инсон
      • Ноболиғон
      • Қурбониён ва ҷабрдидагони рӯйдодҳо/фоҷиаҳои хушунатбор
      • Намояндагони мухолифин дар кишварҳое, ки ҳангоми давраҳои интихобот дар хатар қарор доранд
      • Кормандони комиссияи интихоботӣ
      • Дигарандешони ҳукумат, ки дар асоси ҳолати дигарандешонаи худ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд
      • Ақаллиятиҳои этникӣ ва динӣ дар минтақаҳои низоъ
      • Узви гурӯҳи таъиншуда ва ҳамчун мавриди хатар шинохташуда
    • Мавриди ҳадаф қарор додани ҳар гуна шахси алоҳида аз платформаҳои шахсӣ, монанди паёмдони даромад ё профилҳо, тавассути:
      • Муҳтавое, ки ба сиёсатҳо оид ба таҳқиру азият ва таъқиби шахсони хусусӣ мухолифат мекунад ё
      • Муҳтавои баҳснок, ки бар як хусусияти муҳофизатшуда асос ёфтааст
  • Ғайрифаъол кардани ҳисобҳое, ки дар таъқиби оммавӣ иштирок мекунанд ва ҷузъе аз
    • Шабакаҳои давлатӣ ё вобаста ба давлат мебошанд, ки ҳар гуна шахси алоҳидаро тавассути ҳар гуна платформа мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.
    • Шабакаҳои рақиб, ки ҳар гуна фардро тавассути ҳар гуна платформа бо роҳҳои зерин мавриди ҳадаф қарор медиҳанд:
      • Муҳтавое, ки ба сиёсатҳо оид ба таҳқиру азият ва таъқиби шахсони хусусӣ мухолифат мекунад ё
      • Муҳтавое, ки онҳоро дар асоси хусусияти муҳофизатшуда ҳадафгирӣ менамояд ё
      • Муҳтаво ё рафторе, ки тариқи дигар дар контексти маҳаллӣ баҳснок маҳсуб мешавад
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Иттилоот
Гузориши охирин дар бораи татбиқи Стандартҳои ҷомеаро аз назар гузаронед
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба таҳқиру азият ва таъқиб
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ