Муаррифии шахсияти аслӣ

Тафсилоти сиёсат

САБТИ ТАҒЙИРОТ
Асоси сиёсат
Асолат пойдевори ҷомеаи мост. Мо итминон дорем, ки асолат ба эҷоди ҷомеае кумак мекунад, ки дар он одамон масъулияти худро нисбат ба якдигар ва нисбат ба Meta ба таври оқилона дарк мекунанд. Мо мехоҳем ба тарзҳои зиёди ифодаи шахсият дар саросари ҷомеаи ҷаҳонии худ иҷозат диҳем, ҳамзамон аз тақаллуби шахсият ва муаррифии нодурусти ҳувият пешгирӣ кунем. Мо барои нигоҳ доштани муҳити бехатар ва бозе, ки дар он одамон метавонанд ба якдигар эътимод кунанд ваҷомеа бунёд намоянд, ба эҷоди ҳисобҳо ё профилҳое, ки бо мақсади фиреб кардани дигарон эҷод ё истифода мешаванд, иҷозат намедиҳем.
Мо дар Facebook аз одамон талаб мекунем, ки як ҳисоб бо номе эҷод намоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза доранд ва нишондиҳандаи шахсияти аслии онҳост. Мо Профилҳои иловагӣ эҷод кардем, то ба одамон барои ифода кардани ҷанбаҳои гуногуни шахсияти худ, аз қабили шавқмандиҳо ё ширкатҳои онҳо кумак намоем.
Мо истифодаи хизматрасониҳои худро ба он ҳисобҳои Facebook, Instagram ва Threads ё объектҳои дигари Facebook (монанди Саҳифаҳо, гурӯҳҳо) иҷозат намедиҳем ва онҳоро маҳдуд ё ғайрифаъол мекунем, ки:
  • Ба кӯдакони ноболиғ тааллуқ доранд
  • Шахсияти шахс ё ниҳоди дигарро тавассути амалҳои зерин тақаллуб мекунанд:
    • Истифодаи тасвир(ҳо), ном ё монандии онҳо бо мақсади фиреб додани дигарон
    • Сухан гуфтан бо услуби шахс ё ниҳоди дигар, ки корбар ба он иҷозат надорад (масалан, бо эҷод кардани Профил ё Саҳифа)
  • Ба муаррифии нодурусти шахсият бо мақсади гумроҳ кардан ё фиреб додани дигарон, саркашӣ аз татбиқ ё вайрон кардани Стандартҳои ҷомеаи мо даст мезананд. Мо ҳангоми арзёбии муаррифии нодурусти шахсияти гумроҳкунанда як қатор омилҳоро ба назар мегирем, аз қабили:
    • Тағйироти такрорӣ ё муҳими маълумоти ҳувият, монанди ном ё синну сол
    • Маълумоти профили гумроҳкунанда, монанди тафсилоти тарҷумаи ҳол ва макони профил
    • Истифодаи тасвирҳои захиравӣ
  • Номеро истифода мебаранд, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад.
Дар Facebook, мо қабл аз андешидани чораҳо, ки аз маҳдудияти муваққатӣ то ба таври доимӣ ғайрифаъол кардани профилҳо ё ҳисобҳо иборатанд, маълумоти бештар дархост мекунем, агар шумо:
  • Санаи таваллуди нодуруст пешниҳод кунед
  • Номеро истифода баред, ки номи аслии шумо дар ҳаёти ҳаррӯза нест.
  • Ҳисобе эҷод кунед, ки беш аз як нафарро намояндагӣ мекунад ё беш аз як нафар онро истифода мебарад
  • Якчанд ҳисоби Facebook эҷод кунед ё нигоҳ доред
  • Ҳисобе эҷод кунед, ки ниҳоди ғайри инсон, аз қабили ширкат, ҳайвони хонагӣ ё чеҳраи тахайюлиро намояндагӣ мекунад
  • Профилҳои холиеро нигоҳ доред, ки дар онҳо муддати тӯлонӣ фаъолияте анҷом намеёбад
Таҷрибаҳои корбар
Баъзе намунаҳои татбиқи сиёсатҳо нисбат ба муҳтавои одамон дар Facebook-ро бубинед, монанди: равиши гузоришдиҳӣ дар бораи муҳтавое, ки ба фикри шумо, набояд дар Facebook ҷой дошта бошад, огоҳ кардани шумо дар бораи вайрон кардани Стандартҳои ҷомеа ва дидани экрани огоҳӣ дар муҳтавои мушаххас.
Эзоҳ: Мо ҳамеша такмил меёбем, аз ин рӯ он чизе, ки дар ин ҷо мебинед, метавонад дар муқоиса бо он чизе, ки мо айни ҳол истифода мебарем, каме мувофиқат накунад.
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Гузоришдиҳӣ
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Иртибот пас аз гузориш
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Раванди аз байн бурдан
ТАҶРИБАИ КОРБАР
Экранҳои огоҳкунанда
Татбиқи стандартҳо
Мо дар саросари дунё барои ҳар кас дар Facebook сиёсатҳои яксон дорем.
Гурӯҳҳои бозбинӣ
Гурӯҳи ҷаҳонии мо, ки бештар аз 15000 бозбиникунандаро дар бар мегирад, ҳар рӯз барои таъмини бехатарии одамон дар Facebook кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор
Коршиносони берунӣ, академикҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон дар таҳия ва такмили Стандартҳои ҷомеаи Facebook кумак мекунанд.
Дарёфти кумак оид ба муаррифии шахсияти аслӣ
Маълумот гиред, ки ҳангоми дидани ягон мавриде дар Facebook, ки ба Стандартҳои ҷомеаи мо мухолифат мекунад, чӣ метавон кард.
Боздид аз Маркази ёрӣ