Стандартҳои ҷомеа
Муқаддима
Ин стандартҳо бар пояи фикру мулоҳизаҳои одамон ва тавсияҳои коршиносони соҳаҳое, монанди технология, бехатарии умумӣ ва ҳуқуқҳои инсон асос ёфтаанд. Барои таъмини арзишмандии баёни ҳар кас мо ба эҷоди стандартҳое таваҷҷуҳи калон зоҳир менамоем, ки афкору ақидаҳои мухталиф, хусусан мансуб ба одамон ва ҷомеаҳоеро дар бар мегиранд, ки мумкин аст ба таври дигар сарфи назар шудаанд ё аз ҳуқуқҳо маҳрум мондаанд.
Ҳар рӯз одамон Facebook, Instagram, Messenger ва Threads-ро барои мубодилаи таҷрибаҳо, пайваст шудан бо оилаву дӯстон ва бунёди ҷомеаҳо истифода мебаранд. Хизматрасониҳои мо ба миллиардҳо нафар имкон медиҳанд, то ки афкори худро озодона дар саросари кишварҳо ва фарҳангҳо ва ба даҳҳо забон ифода намоянд.
Meta эътироф мекунад, ки ба Facebook, Instagram, Messenger ва Threads бениҳоят муҳим аст, то ҷойҳое бошанд, ки дар он одамон худро барои муошират тавонманд ҳис кунанд ва мо ба нақши худ дар масъалаи худдорӣ аз сӯиистифода дар ин хизматрасониҳо муносибати ҷиддӣ мекунем. Бино бар ин мо стандартҳоро барои шарҳи чизҳое таҳия кардем, ки ба онҳо дар ин хизматрасониҳо иҷозат дода мешавад ва ё иҷозат дода намешавад.
Лутфан, таваҷҷуҳ намоед, ки нусхаи Стандартҳои ҷомеа ба забони англисии ИМА навтарин маҷмуи сиёсатҳоро инъикос менамояд ва бояд ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода бурда шавад.
Уҳдадории мо ба садо
Ҳадафи Стандартҳои ҷомеаи мо ба одамон фароҳам овардани фазо барои ибрози назар ва додани имконият ба баёни садои худ аст. Meta мехоҳад, ки одамон тавонанд дар бораи масъалаҳои барои онҳо муҳим хоҳ тавассути шарҳҳои хаттӣ, суратҳо, мусиқӣ ё хоҳ воситаҳои ҳунарии дигар ошкоро суҳбат кунанд, ҳатто агар баъзе одамон бо онҳо розӣ набошанд ё онҳоро қобили эътироз маҳсуб кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо мо ба муҳтавое иҷозат медиҳем, ки тариқи дигар ба стандартҳои мо мухолифат мекунад, агар он сазовори нашр ва ба манфиати ҷомеа бошад. Мо ин корро танҳо баъд аз баррасии арзиши манфиати ҷомеа дар баробари хатари зарар анҷом медиҳем ва ҳангоми қазоват ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунем. Дар ҳолатҳои дигар мо метавонем муҳтавоеро нест кунем, ки аз забони думаънидор ва мубҳам истифода мебарад, вақте ки контексти иловагӣ ба мо имконият медиҳад, ки ба таври мантиқӣ дарк намоем, ки он ба стандартҳои мо мухолифат мекунад.
Уҳдадориҳои мо барои худифодакунӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, аммо мо эътироф мекунем, ки интернет барои сӯиистифода имкониятҳои нав ва бештаре эҷод мекунад. Бо ин сабабҳо, вақте ки мо худифодакуниро маҳдуд мекунем, мо онро ба хотири як ё якчанд арзиши зерин анҷом медиҳем:
АСОЛАТ
Мо мехоҳем бовар дошта бошем, ки муҳтавои ба одамон намоишёфта аслӣ аст. Мо бар ин ақидаем, ки асолат муҳити беҳтареро барои мубодила фароҳам меорад, аз ин рӯ мо намехоҳем одамоне, ки аз хизматрасониҳои мо истифода мебаранд, худ ё амали худро нодуруст муаррифӣ кунанд.
БЕХАТАРӢ
Мо уҳдадор шудаем, ки Facebook, Instagram, Messenger ва Threads ҷойҳои бехатар бошанд. Мо муҳтавоеро нест мекунем, ки ба хавфи зараррасонӣ ба амнияти ҷисмонии ашхос мусоидат мекунад. Муҳтавое, ки ба одамон таҳдид менамояд, иқтидори тарсондан, истисно ё хомӯш кардани дигаронро дорад ва ба он дар хизматрасониҳои мо иҷозат дода намешавад.
МАХФИЯТ
Мо уҳдадорем, ки махфият ва маълумоти шахсиро муҳофизат намоем. Махфият ба одамон ин озодиро медиҳад, ки худашон бошанд, тарз ва вақти мубодила дар хизматрасониҳои моро интихоб кунанд ва бо ҳам осонтар пайваст шаванд.
ШАРАФ
Мо бар он ақидаем, ки ҳамаи одамон аз рӯи шараф ва ҳуқуқҳо баробаранд. Мо интизорем, ки одамон шарафи дигаронро эҳтиром мекунанд ва дигаронро таъқиб ё беобрӯ намекунанд.
Стандартҳои ҷомеа
Стандартҳои ҷомеаи мо нисбат ба ҳама, дар саросари ҷаҳон ва нисбат ба ҳама навъҳои муҳтаво, аз ҷумла, муҳтавои тавассути ЗС эҷодшуда татбиқ мешаванд.
Ҳар як қисми Стандартҳои ҷомеаи мо бо "Асосҳои сиёсат" оғоз мешавад, ки дар он мақсадҳои сиёсат тавсиф меёбанд, сипас самтҳои мушаххаси сиёсат, ки меъёри муҳтаворо муайян мекунанд, баён мегарданд:
Муҳтавое, ки ба он иҷозат дода намешавад; ва
Муҳтавое, ки барои татбиқи қоидаҳо маълумоти иловагӣ ё контекст талаб мекунад, муҳтавое, ки ба он бо экрани огоҳӣ иҷозат дода мешавад ё муҳтавое, ки ба он иҷозат дода шудааст, вале танҳо калонсолони 18-сола ва калонтар метавонанд онро бинанд.